Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Фитр
Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае иди Саиди Фитрро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёмҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Саиди Фитр ибрози умедворӣ кард, кишварҳои исломӣ ба баракати ин иди саросар раҳмату баракат, беш аз пеш битавонанд бо ҳамдилӣ ва бародарӣ ва бо барқарории сулҳ, субот ва амният миёни ҳамаи мусулмонон, тасвире равшан аз ин дини раҳмонӣ ба тамоми ҷаҳониён ироа кунанд .
Раисҷумҳури Эрон дар паёми худ таъкид кард: “Бо баҳрагирӣ аз омӯзаҳои рафии дини мубини ислом ва баҳрагирӣ аз ибодати саём ва қиём хоҳем тавонист, хушунат, ифротигарӣ ва терроризмро бо ҳамёрии якдигар аз сарзаминҳои исломӣ дур кунем”.
Бештари кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон, Қатар, Имороти Арабии Муттаҳида, Баҳрайн, Кувайт, Фаластин, Урдун, Судон ва Миср ва аҳли тасаннун дар Ироқу Лубнон, рӯзи якшанберо иди Фитр эълом карданд .
Дар ҷумҳурии исломии Эрон, Уммон ва Тоҷикистон фардо душанбе иди Саиди Фитр аст .