Раиси парлумони Эрон: Амрико бо терроризм бозӣ мекунад, на мубориза
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти раисони парлумонҳои кишварҳои ҳавзаи Авруосиё дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гуфт, роҳбурди Амрико мубориза бо терроризм нест, балки бозӣ бо он аст.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Алии Лориҷонӣ дар ин нишаст терроризм ва ифротгароиро таҳдиди вайронгари ҷаҳонӣ хонда гуфт, роҳбурди Амрико бозӣ бо терроризм аст, бинобар ин кишварҳои узви Авруосиё бояд ба гунае амал кунанд, ки ҳазинаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва таблиғотии соҳибону ҳомиёни идологияи терроризм афзоиш ёбад, вале ин ҳама натиҷае надошта бошад. Лориҷонӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти муҳими геополитикии худ ва доро будани зарфиятҳои иқтисодӣ, фарҳангию амниятӣ ин омодагиро дорад, то беш аз пеш нақши муҳими худро дар тавсеаи ҳамаҷониба ва кумак ба эҷоди назми амниятии пойдор дар минтақаи Авруосиё ифо кунад. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таҳримҳои иқтисодии якҷонбаи Амрико алайҳи кишварҳои мустақилро низ нақзи ошкори ҳуқуқи байнламилалӣ, маншури Милали Муттаҳид ва низоми тиҷории чандҷониба дониста хотирнишон кард, тасмимоти ахири Сенати Амрико дар робита ба таҳрими созмонҳо ва шаҳрвандони Эрону Русия бо тасмимоту тааҳҳудоти байналмилалии Вашингтон мухолифат дорад. Лориҷонӣ таъкид кард, давлатҳои минтақа бояд барои ҷилавгирӣ аз чунин тасмимот механизми минтақаӣ эҷод кунанд.
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бомдоди сешанбе ҳангоми вуруд ба Сеул низ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, нишасти раисони парлумонҳои кишварҳои Авруосиё метавонад ба амнияти пойдору тавсеаи равобити иқтисодии кишварҳои узв кумак кунад.