Июн 27, 2017 18:22 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷии Эрон бо интиқод аз Арабистони Саудӣ гуфт, ин тасаввур, ки метавон бо ноамн кардани дигарон амният ба даст овард, бояд канор гузошта шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар суханроние дар нишасти солонаи Шӯрои равобити хориҷии Аврупо дар Берлин аз касоне, ки фикр мекунанд, бо ноамн кардани дигарон метавонанд барои худ амният ба даст оваранд, интиқод кард. Зариф гуфт, бояд ин тафаккурро канор гузошт, чаро ки амният хариданӣ нест ва наметавон онро аз хориҷ ворид кард. Ӯ афзуд, нафрате, ки акнун Арабистони Саудӣ дар минтақа дар ҳоли густариш додан аст, бо он чӣ аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир мешавад, шабоҳати зиёде дорад. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин минтақаи Халиҷи Форсро ниёзманди маҷмаи амнияти минтақаӣ барои ғалаба бар ҳарософиканӣ донист ва афзуд, танишҳои ахир миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва муттаҳам кардани Қатар талоше барои рафъи масъулият аз худ ва муттаҳам кардани дигарон аст.

Вазири умури хориҷи Эрон рӯзи душанбе барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Олмон ба Берлин сафар кард.

 

Барчасп