Фармони муҳоҷирати Трамп - бузургтарин ҳадия ба ифротгароён
Вазири умури хориҷии Эрон фармони муҳоҷирати раисҷумҳури Амрикоро бузургтарин ҳадия ба гурӯҳҳои ифротӣ донист.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Зигмар Габриел, вазири умури хориҷии Олмон дар Берлин аз ҳукми Додгоҳи Олии Амрико дар мувофиқат бо иҷрои бахшҳое аз фармони муҳоҷирати Доналд Трамп ибрози таассуф кард. Зариф гуфт, мамнӯият алайҳи мусалмонон, ки Трамп билофосила пас аз ба даст гирифтани умур эъмол кард, дар ҳақиқат, ҳеҷ поя ва асосе надорад ва ба ҷанг алайҳи терроризм кӯмак нахоҳад кард. Зариф ба равобити деринаи Эрону Олмон низ ишора карда гуфт, Эрон кишвари амн дар минтақае аст, ки аз бесуботӣ ва терроризм дар ранҷ аст ва тавониста кишвари мардумсолорӣ бошад. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, Эрон метавонад шарики хубе барои Олмон бошад.
Зигмар Габриел низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Олмон аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон дар ҳама заминаҳо истиқбол мекунад. Вазири умури хориҷии Олмон ҳамчунин бо ишора ба гузориши Ожонси Байналамилалии Энержии Атомӣ дар бораи пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ бар ҳимояти Олмон аз ин тавофуқ таъкид кард ва аз ҳама тарафҳо хост, ки аз ин тавофуқ ҳимоят кунанд ва онро зер суол набарад.