Июн 28, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Таҷовузи эҳтимолии Амрико ба Сурия минтақаро ноамнтар хоҳад кард

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Таҷовузи эҳтимолии Амрико ба Сурия ба баҳонаҳои воҳӣ, ҷуз ҳарҷу марҷ, ноамнии бештар дар минтақа ва кумак ба террористҳои рӯ ба завол ҳосиле нахоҳад дошт.

Баҳроми Қосимӣ дар вокуниш ба изҳорот ва мавозеи ахири мақомоти амрикоӣ, ки таҳти унвон “ҳамалоти пешгирона” ба Сурия ба баҳонаи истифодаи эҳтимолии давлати ин кишвар аз силоҳҳои химиявӣ сурат гирифтааст, аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ба авоқибу асароти ин таҷовузи эҳтимолӣ, ки бар вахомати авзои амниятӣ ва инсонии минтақа меафзояд, биандешад .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Дар ҳоле, ки давлати Сурия беш аз шаш сол аст, бо ҳамаи тавону манобеи худ дар ҳоли мубориза бо терроризм аст, тарҳи ингуна иддаоҳои бепояву асос, фақат боиси тақвияти гурӯҳҳои террористӣ ва печидатар шудани мубориза бо ин гурӯҳҳо хоҳад шуд .

Қосимӣ бо ёдоварии таҷовузи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Алшаироти Ҳимс дар ҳафтуми апрели 2017 ба баҳонаи истифодаи ин кишвар аз силоҳи химиявӣ афзуд: Пас аз ин таҷовуз, Эрон, Русия ва Сурия расман хоҳони эъзоми ҳайъати ҳақиқатёби байналмилалӣ барои баррасии иддаоҳои матраҳшуда аз сӯи Амрико шуданд, аммо Вашингтон ва муттаҳидонаш барои ҷилавгирӣ аз ифшои пуч будани иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи Сурия, монеи анҷоми ин иқдом шуданд .

Пас аз ҳамлаи химиявии машкуки чаҳоруми апрели 2017 ба минтақаи Хон Шайхун дар Идлиби Сурия, Амрико ҳафтуми апрел, пойгоҳи ҳавоии Алшаирот дар устони Ҳимси Сурияро, ки аслитарин маркази мубориза бо гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷибҳа- Алнусра дар минтақа аст, ҳадафи 59 фарванд мушаки круз қарор ме‌‌диҳад .

 

Барчасп