Июл 01, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамчунон пештози рушди илми ҷаҳон

Сарпарасти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, Эрон бо 19 дарсад рушди камияти тавлиди илм, ҳамчунон пештози рушди илмӣ дар ҷаҳон аст.

   Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони Ислом (ISC) афзуд, бар асоси иттилооти пойгоҳи истиноди “ISI”, рушди камияти тавлиди илми Эрон дар соли 2016 нисбат ба соли 2015, ба нуздаҳ дарсад расид ва бар ҳамин асос, Эрон ҳамчунон рутбаи нахусти ҷаҳон дар рушди камияти тавлиди илмро дар ихтиёр дорад.

   Деҳқонӣ тасреҳ кард, камияти тавлиди илм Эрон дар соли 2015, 38 ҳазору 332 маврид буд, ки ин рақам дар соли 2016 ба 45 ҳазору 560 маврид расид.

   Вай гуфт, баъд аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тартиб, Русия, Полша, Ҳинд, Чин, Туркия, Шветсия, Искотланд, Австралия, Утриш ва Дания бештарин афзоиши камияти тавлиди илмро доштаанд.

   Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ афзуд, дар соли 2016 Ҷумҳурии Исломии Эрон рутбаи 17 ҷаҳон аз лиҳози камияти тавлиди илм дар пойгоҳи истиноди “ISI”-ро касб кард.

 

Барчасп