Июл 03, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи вазорати хориҷаи Эрон дар 29-умин солгарди ҷинояти Амрико

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар солгарди иқдоми ноҷавонмардона ва зидди инсонии Амрико дар сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирии Эрон, дар сеюми июли 1988 гуфт, Амрико бояд посухгӯи рафторҳои зидди башарии худ бошад.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи душанбе дар баёнияе ба муносибати солрӯзи ҳамлаи нови амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, эълом кард, миллати Эрон омилони ин фоҷиаро муддаиёни бемантиқе медонад, ки бо иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва дифоъ аз миллатҳо муртакиби ҷиноят мешаванд.

   Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёният худ, ёд ва хотираи шаҳидони ин ҷинояти ҳавлнокро гиромӣ дошта ва таъкид кард, пешинаи рафторҳои ғайриинсонии Амрико дар қатл ва куштори мардуми бегуноҳ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла мардуми мазлуми Эрон аз ниҳодина шудани рафторҳои зидди башарии давлатҳои гуногуни Амрико барои таъмини аҳдофашон нишон дорад.

  Рӯзи сеюми июли соли 1988, ҳавопаймои мусофирбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар фарози обҳои Халиҷи Форс, ҳадафи ду мушак аз тарафи киштии ҷангии амрикоии Винсенс қарор гирифт ва 290 сарнишин ва хадамаи ин ҳавопаймо ба шаҳодат расиданд.

  Пас аз суқути ин ҳавопаймо, мақомоти амрикоӣ барои тавҷеҳи ҷинояти нобахшудании худ, далоили зидду нақизе матраҳ карданд ва кӯшиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ қаламдод кунанд. Аммо муҷаҳҳаз будани нови ҷангии Винсенс ба пешрафта‎тарин систем‎ҳои радарӣ ва роёнҳ‎ои вақт ва ҳамчнин мушаххас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз, нишон медод, ки иштибоҳе дар кор набуда ва ин иқдоми Амрико комилан хасмона будааст.

 

Барчасп