Эътирози Теҳрон ба Иттиҳоди Аврупо ба далели мавҷи густурдаи қочоқи маводи мухаддир ба Эрон
(last modified 2017-07-08T12:21:45+00:00 )
Июл 08, 2017 17:21 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Теҳрон ба Иттиҳоди Аврупо ба далели мавҷи густурдаи қочоқи маводи мухаддир ба Эрон

Сарпарасти муовинати мубориза бо маводи мухаддири гумруки Эрон, аз эътирози расмии Теҳрон ба Иттиҳоди Аврупо ба далели мавҷи густурдаи қочоқи мухаддир ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Неъматуллоҳ Мумвандӣ, Сарпарасти муовинати мубориза бо маводи мухаддири гумруки Эрон бо баёни ин ки дар семоҳаи гузашта, ирсоли маводи мухаддири «гул» ба Эрон ва кашфи он дар маҳмулаҳои пустӣ густариш ёфтааст, гуфт, кишварҳои Англия, Нидерланд ва Испания марзҳои худро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир контрол намекунанд, ба ҳамин далел Эрон маротиби эътирози худро ба Иттиҳоди Аврупо эълом кард.

«Гул» як навъ модаи мухаддири фавқулъодаи хатарнок аст, ки аз равғани гиёҳи шаҳдонаи ҳашиш ва аз барги дарахти шаҳдонаи марихуана ба даст меояд.

Мумвандӣ афзуд, дар соли 2016 ҳудуди 204 маврид кашфи маводи мухаддири «гул» аз бастаҳои пустии ирсолӣ ба Эрон дар омори кашфиёти гумрук ба сабт расид, ки мизони қобил таваҷҷӯҳе аст.

Вай, иллати рӯй овардани қочоқчиён ба ирсоли маводи мухаддири «гул» ба Эронро судоварии болои ин мухаддир донист.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон, беш аз се ҳазору 500 шаҳид ва беш аз 10 ҳазор захмӣ дар ин роҳ тақдим кардааст.

Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба Созмони Милал ба пештозии Эрон, дар мубориза бо маводи мухаддир изъон доранд.

 

 

Барчасп