Июл 14, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими волейболи соҳилии ҷавонони Эрон дар муқобили тими Италия

Тими волейболи соҳилии ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ дар баробари тими Италия ба ҷамъи шонздаҳ тими поёнии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.

Тими волейболи соҳилии ҷавонони Эрон рӯзи ҷумъа дар идомаи мусобиқаҳои волейболи соҳилии қаҳрамонии зери 21 соли ҷаҳон дар шаҳри Нанҷинги Чин муваффақ шуд, тими Италияро бо натиҷаи ду бар як шикаст диҳад. Тими волейболи соҳилии ҷавонони Эрон дар марҳалаи як ҳаштуми поёнӣ бо тими Латвия  рақобат хоҳад кард.

Тими волейболи соҳилии ҷавонони Эрон рӯзи панҷшанбе дар гурӯҳи чаҳоруми рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон низ бо натиҷаи ду бар як тими Норвегияро шикаст дода буд. Рақобатҳои қаҳрамонии волейболи соҳилии ҷавонони ҷаҳон бо ҳузури 32 тим дар шаҳри Нанҷинги Чин баргузор шуда истодааст.

 

Барчасп