Июл 22, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи шиновари мутаҷовизи арабистонӣ дар обҳои сарзамини Эрон

Мудири равобити умумии Идораи кулли моҳипарварии устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон гуфт, нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, рӯзи ҷумъа як адад шиновари сайёдии мутааллиқ ба Арабистонро ба далели таҷовузи марзӣ, ҳаволии ҷазираи Форсӣ, дар обҳои устони Бушеҳр тавқиф кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Ардашер Ёраҳмадӣ, мудири равобити умумии Идораи кулли моҳипарварии устони Бушеҳр рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА изҳор кард, дар ин шиновар панҷ шаҳрванди Ҳинд ҳузур доштанд, ки барои сайд ва сайёдӣ ба обҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷовуз карда буданд.

Вай афзуд, сарнишинони шиновари Саудӣ боздошт ва таҳвили дастгоҳи қазоии устони Бушеҳр шуданд.

Ёраҳмадӣ тасреҳ кард, тайи як моҳи гузашта ин дуввумин шиновари Арабистон аст, ки барои сайд ва сайёдӣ ба обҳои марзии Эрон таҷовуз кардааст ва сарнишинон он дастгир шуданд.

Бархурди қонунӣ ва дурусти гаштҳои неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломи Эрон бо қаиқи мутаҷовизи Саудӣ дар ҳоле аст, ки чанде пеш маъмурони соҳилии Арабистон дар иқдоме ғайриинсонӣ ва хилофи урфи байналмилалӣ ба ду қаиқи сайёдони эронӣ, ки бар асари амвоҷи дарё аз масири худ хориҷ шуда буданд шиллик карданд, дар ин тирандозӣ як сайёди эронӣ ҷон бохт.

 

Барчасп