Июл 23, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз раисҷумҳури Ироқ барои ширкат дар маросими савганди Рӯҳонӣ

Муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Ироқ дар Бағдод аз ӯ барои ширкат дар маросими савганди раисҷумҳури Эрон дар панҷуми августи 2017 даъват кард.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ, дар дидор бо Фуад Маъсум ҳамчунин дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ бо ӯ гуфтугӯ кард .

Дар ин дидор, Ҷобири Ансорӣ ҳамчунин паёми табрикии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳури Исломии Эронро ба муносибати пирӯзиҳои ахири Ироқ дар баробари гурӯҳи террористии ДИИШ ва озодии Мусил, ба Фуад Маъсум иблоғ кард .

Густариши равобити Эрону Ироқ дар ҳавзаҳои мухталиф ба вижа дар заминаи иқтисодӣ ва зарурати ҳифзи ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии Ироқ дар остонаи интихоботи парлумонии ин кишвар, аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Ҷобири Ансорӣ бо Фуад Маъсум буд .

Ҷобири Ансорӣ шанбешаб вориди Бағдод шуд ва бо Иброҳим Алҷаъфарӣ, вазири умури хориҷаи Ироқ низ дидору гуфтугӯ кард .

 

Барчасп