Июл 28, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Таҳримҳои Амрико тавофуқи ҳастаиро нақз мекунанд

Хатиби муваққати намозии ҷумъаи Теҳрон тасвиби тарҳи таҳримҳои Эрон аз сӯйи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрикоро поймолкунандаи рӯҳу ҷисми БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) дониста гуфт, ин таҳримҳо беэътимодӣ ба Амрикоро собит кард.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, ҳама масъулони эронӣ муътақиданд, воқеияти ин таҳримҳо нишон дод, ки Амрико зотан бо Ислому Инқилоби Исломии Эрон сари носозгорӣ дошта, дар пайи бозгардонидани Эрон ба гузашта аст. Козими Сиддиқӣ ягона роҳи муқобила бо таҳримҳои Амрикоро иттико ба тавони дохилӣ, худкифоӣ ва иқтисоди муқовиматӣ дониста тасреҳ кард, миллати Эрон дар ҷанги таҳмилии ҳаштсола, ки дар воқеъ, бо Ғарбу Шарқ меҷангиданд, бо иттико ба ваъдаҳои илоҳию ҳифзи рӯҳияи инқилобӣ тавонистанд дар муқобили мустакбирони ҷаҳон истодагӣ кунанд.

Маҷлиси намояндагони Амрико шаби сешанбе, 25 июл тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эронро бо 419 раъйи мувофиқ тасвиб ва Сенати Амрико низ бо 98 раъй аз он пуштибонӣ кард.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо табрики пирӯзиҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон бар гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Лубнону Сурия тасреҳ кард, ин пирӯзӣ монанди пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон бар режими саҳюнистӣ дар ҷанги 33-рӯза дар моҳи июли соли 2006 як пирӯзии муҳими стратегӣ буд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, муқовимат дар минтақа ҳамчунон зиндааст ва ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла Амрико, Арабистон ва режими саҳюнистӣ рӯ ба  заволанд.