Амрико парвози “Симурғ”-и эрониро тоқат наовард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20712-Амрико_парвози_Симурғ_и_эрониро_тоқат_наовард
Амрико дар идомаи иқдомоти душманонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаш гурӯҳи санъатии эрониро таҳрим кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 29, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Амрико парвози “Симурғ”-и эрониро тоқат наовард

Амрико дар идомаи иқдомоти душманонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаш гурӯҳи санъатии эрониро таҳрим кард.

Ба гузориши сайти “Порстудей”, Вазорати хазонадории Амрико ҷумъашаб ба баҳонаи озмоиши мушаки моҳворабари “Симурғ”, ки ҷанбаи комилан таҳқиқотӣ ва илмӣ дорад, шаш ширкати умдаи санъатии Эронро дар феҳристи таҳрим қарор дод.

Вазорати хазонадории Амрико дар баёнияе эълом кард, амвол ва дороиҳои ин шаш ниҳоди эронӣ дар қаламрави Амрико баста ва амрикоиҳо ва муассисоти молии хориҷӣ аз таомул бо онҳо манъ шудаанд.

Моҳворабари эронии “Симурғ” рӯзи панҷшанбе аз пойгоҳи миллии фазоии Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон бо муваффақият ба фазо партоб шуд.

Моҳворабари “Симурғ” қодир аст моҳвораҳое то вазни 250 килограмро дар мадори 500 километрии замин қарор диҳад.

Конгресс ва Сенати Амрико низ дар рӯзҳои ахир тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро тасвиб кардаанд.

 Вазорати хазонадории Амрико ҳам рӯзи сешанбеи 18-уми июл 18 фард ва гурӯҳи эронӣ ва хориҷиро ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла иртибот бо Барномаи мушакии Эрон дар листи таҳримҳои худ қарор дод.

Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷанҷолии Амрико, Вашингтон сиёсатҳои душманонатаре алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйи даст гирифтааст.