Робитаи роҳбурдии Эрон ва Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2086-Робитаи_роҳбурдии_Эрон_ва_Афғонистон
Панҷумин Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Афғонистон бо ҳузури як ҳайати 17 нафараи иқтисодӣ аз Афғонистон ба муддати ду рӯз дар Теҳрон баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 11, 2016 14:56 Asia/Dushanbe
  • Робитаи роҳбурдии Эрон ва Афғонистон

Панҷумин Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Афғонистон бо ҳузури як ҳайати 17 нафараи иқтисодӣ аз Афғонистон ба муддати ду рӯз дар Теҳрон баргузор шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои муштарак ва мумтози Эрон ва Афғонистон дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба, муҳимтарин созукори қонунии мавҷуд барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар, баргузории камиссиюнҳои муштарак аст.

Дар ҷараёни сафари соли қабли Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Эрон қарор шуд дар камиссиюнҳои муштараки ду кишвар мавзӯоти амниятӣ аз сойири мавзӯоти тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, транзитӣ ва омӯзишӣ ҷудо шавад.

Дар ҳамин пайванд қарор аст нишасти коргурӯҳи амниятии Эрон ва Афғонистон ҳаддиаксар то ду моҳи оянда дар Теҳрон баргузор шавад.

Дар панҷумин иҷлоси Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон низ чаҳор коргурӯҳи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, энержӣ, об ва муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, варзиш ва саломат, ҳамлу нақл, иртиботот ва транзит бо назари коршиносон таъйин шуд ва аъзои коргурӯҳҳо санади ниҳоии иҷлосро танзим карданд.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими ихтитомияи панҷумин иҷлоси Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон дар Теҳрон гуфт: "Густариши ҳамкориҳои ду кишвар метавонад нақши муҳиме дар тақвияти равобити дуҷониба, дар сутуҳи миллӣ ва калон ва ҳамкориҳои минтақаӣ ифо кунад.

Вазири кишвари Эрон бо ишора ба баргузории ду рӯзи камиссиюни муштарак бо мақомоти афғонистонӣ афзуд, ҷаласоти хубе бо вазири умури молияи кишвари Афғонистон баргузор ва суҳбатҳои муҳиме матраҳ шуд.

Раҳмонии Фазлӣ гуфт, пайрави сафари раиси ҷумҳурии Афғонистон дар соли гузашта ба Эрон, меҳварҳои аслӣ ва дастури кори камиссиюни муштарак таъйин ва баҳсҳои каршиносӣ дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва транзитӣ матраҳ ва дар ниҳоят омодагиҳои лозим барои тавофуқе ҷомеъ дар ин замина фароҳам шуд.

Вазири кишвари Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки тавофуқномаи ҷомеъ байни ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон дар ояндаи наздик ба имзои мақомоти ду кишвар хоҳад расид, афзуд: "Бо имзои тавофуқномаи ҷомеъ байни Эрон ва Афғонистон ҳамкориҳои ду тараф дар заминаҳои мухталиф густариш хоҳад ёфт".

Раҳмонии Фазлӣ тасреҳ кард, робитаи Афғонистон бо Эрон як робитаи стратегӣ аст ва ду кишвари ҳамсоя, дӯст, бародар ва мусулмон бо савобиқи торихӣ ва фарҳангии тӯлонӣ алоқаманд ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҳастанд.

Эклил Ҳакимӣ, вазири умури молияи Афғонистон ҳам бо қадрдонӣ аз меҳмоннавозии эрониҳо, беҳбуди равобити тиҷорӣ - иқтисодӣ миёни ду кишварро хостор шуд.

Ҳакимӣ минтақаи Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эронро аз манотиқи хуби тиҷорӣ донист ва ибрози умедворӣ кард, дар заминаи ҳамлу нақл, транзити ҳавоӣ, заминӣ ва ғайра ҳамкории хубе бо истифода аз ин фурсат бо Афғонистон сурат бигирад ва роҳҳо миёни Афғонистон ва Чобаҳор ҳамвор шавад.

Вазири молияи Афғонистон тасреҳ кард, пешрафтҳои хубе дар заминаи тиҷорат, энержӣ ва муҳити зист байни ду тараф ҳосил шудааст ва дар заминаи илмӣ ва фарҳангӣ низ суҳбатҳои хубе анҷом шуд ва ин мабоҳис дар ояндаи наздик ба сурати амалӣ иҷро хоҳад шуд.