Август 01, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури беш аз 90 ҳайъати хориҷӣ дар таҳлифи раисҷумҳури Эрон

Беш аз 90 ҳайъати аршади хориҷӣ панҷуми август дар маросими таҳлифи раисҷумҳури исломии Эрон ширкат мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон эълом кард: Ҳузури ин теъдоди ҳайъати хориҷӣ нуқтаи атфе барои таваҷҷуҳ ба Эрони амну муқтадир хоҳад буд .

Маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи шанбе панҷуми августи 2017 дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баргузор мешавад .

Ҳасани Рӯҳонӣ дар давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии исломии Эрон дар 19 моҳи майи гузашта, бо беш аз 23 миллион раъй бори дигар ба унвони раисҷумҳури Эрон интихоб шуд .

Алиризо Раҳимӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон афзуд: Пас аз иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ва рафъи бархе аз мавонеъ ва бозгашти сармоягузорон ба Эрон, нигоҳи ҷаҳониён ба Эрон воқеъгароёна шуд ва фазои эрон‌ҳаросӣ ба фазои эронгароӣ табдил шудааст .

Ин намояндаи Маҷлиси Эрон таъкид кард: Диди воқеъгароёнаи ҷаҳониён ба Эрон сабаби ҳузури мусбат ва созандаи мақомоти кишварҳои ҷаҳон дар маросими мутааддиде дар Эрон шудааст .

 

Барчасп