Август 03, 2017 10:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири собиқи хориҷаи Эрон: Ҷуғрофия садде барои судури тафаккури инқилоби Эрон нест

Вазири собиқи умури хориҷаи Эрон гуфт, Инқилоби Исломии Эрон коло набуд, ки содир шавад, тафаккур буд ва тафаккур- марзи ҷуғрофиёӣ надорад.

  Манучеҳри Муттакӣ рӯзи гузашта дар маросими ифтитоҳи вебсойти “Муассисаи мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон” дар Машҳад афзуд, замоне, ки Инқилоби Исломии Эрон шакл гирифт, мавзӯи судури инқилоб матраҳ шуд ва ҳамин масъала дар робитаи Эрон бо кишварҳои ғарбӣ, ҳиси бадбинӣ ва дахолат дар умури кишварҳои минтақа эҷод кард ва сабаби эҷоди фосилаи иртиботӣ, миёни кишварҳои минтақа шуд.

  Вазири собиқи умури хориҷаи Эрон гуфт, ин дар ҳолест, ки инқилоб коло набуд, балки як тафаккур буд, ки марзи ҷуғрофиёӣ надорад ва бо таҳаввулоти иртиботии имрӯза, дигар марзе барои судури тафаккурот вуҷуд надорад.

  Муттакӣ тасреҳ кард, муассисоти мутолиотӣ бояд фосилаи эҷод шуда миёни Эрон ва бархе кишварҳои минтақаро мӯшикофона баррасӣ кунанд, зеро кишварҳои минтақа бештарин иштирокот ва наздиктарин иртибототи каломиро доранд ва набояд ин фосила вуҷуд дошта бошад.

  Муттакӣ бо ишора ба ифтитоҳи сойти “Муассисаи мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон” афзуд, роҳандозии ин вебсойт нақши фазои маҷозӣ дар дипломатияро ба мо нишон медиҳад.

  Вай таъкид кард, имрӯз, ки бисёре аз қудратҳои дунё дурӯғҳои худро дар фазои маҷозӣ ба унвони рост илқо мекунанд, бояд ростҳои мавҷуд миёни таомулоти кишварҳоро бо истифода аз ин фазои маҷозӣ арза кард.

  Вебсойти “Муассисаи мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон”, рӯзи гузашта бо ҳузури бархе шахсиятҳои Эрон ва кишварҳои минтақа дар Машҳад ифтитоҳ шуд.

  Ин вебсойт бо ҳадафи тавсеаи фаъолиятҳои пажӯҳишӣ, таълиф ва тарҷумаи китоб дар заминаи равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фаъолият хоҳад кард.

 

Барчасп