Август 03, 2017 12:45 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо танфиз (тасдиқ)-и раъйи мардуми Эрон, ҳуҷҷат-ул-Ислом валмуслимин Ҳасани Рӯҳониро ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб карданд.

   Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин ҳукм интихоботи пуршӯр ва раъйи болои шахсияти мунтахабро нишонаи таҳкими ҷумҳурияти низом хонданд ва бо таъкид бар иҷрои барномаи иқтисоди муқоваматӣ ба раисиҷумҳурӣ тавсия карданд, ки ҳиммати худро мутаваҷҷеҳи истиқрори адолат, ҷонибдорӣ аз маҳрумони мустазъаф, иҷрои аҳкоми Исломи ноб, тақвияти ваҳдат ва иззати миллӣ, таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳо ва зарфиятҳои азими кишвар, сароҳат дар бузургдошти арзишҳо ва мабонии Инқилоби Исломӣ кунад.  Ҳазрат Ояуллоҳ Хоманаӣ дар идома тасреҳ карданд: “Ҳамзамон бо айёми вилодати ҳазрати Имом Ризо (а) инҷониб бо пайравӣ аз гузиниши миллати Эрон раъйи ононро танфиз (тасдиқ) ва донишманди муҳтарам, ҷаноби ҳуҷҷат-ул- Ислом, оқои доктор Ҳасани Рӯҳониро ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб мекунам ва бо дуо барои муваффақияти эшон муаккадан тавсия мекунам, ки ин мансаби хатирро василае барои касби ризои илоҳӣ ва захирае барои ҳангомаи лиқои Парвардгор қарор диҳанд”. Эшон дар поён бо таъкиди муҷаддад дар бораи иҷрои барномаи иқтисоди муқоваматӣ ва таваҷҷуҳи вижа ба мавзӯи корофаринӣ ва тавлиди дохилӣ ёдоварӣ кардаанд, ки раъйи миллату танфизи он вобаста ба ҳифзу риояти тааҳҳуд ба сироти мустақими исломӣ ва инқилобӣ аст.

  Тибқи Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, давраи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аз таърихи тасдиқи эътиборнома ба василаи мақоми муаззами раҳбарӣ оғоз мешавад. Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 19 майи соли 2017 бо ба даст овардани беш аз 23 миллион раъйи мардум бори дигар ба унвони раисиҷумҳури Эрон интихоб шуд.

 

Барчасп