Рӯҳонӣ: Эрон таҳмили инзиво аз сӯйи душманонро намепазирад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21054-Рӯҳонӣ_Эрон_таҳмили_инзиво_аз_сӯйи_душманонро_намепазирад
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон агарчӣ аз сари иззатмандӣ ҳазинаи истиқлоли кишварро пардохта ва мепардозад, аммо ҳеҷгоҳ таҳмили инзиво аз сӯйи душманонро намепазирад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 03, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон таҳмили инзиво аз сӯйи душманонро намепазирад

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон агарчӣ аз сари иззатмандӣ ҳазинаи истиқлоли кишварро пардохта ва мепардозад, аммо ҳеҷгоҳ таҳмили инзиво аз сӯйи душманонро намепазирад.

Ба гузориши пойгоҳ иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе пас аз тасдиқи ҳукми раёсати ҷумҳуриаш аз сӯйи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт, Эрон таслими хости бадхоҳон барои мушорикат накардани фаъол дар низоми ҷаҳонӣ намешавад ва ба дур мондан аз таҳаввулот ва дастовардҳои таҷрибаи башариро низ нахоҳад пазируфт.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Барҷом нишони ҳусни нияти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таомули созанда ва муассир дар сатҳи байналмилалӣ буд, афзуд: Эрон акнун бо эътимод ба нафси бештар аз гузашта ва бо пуштибонии як миллат, ки ҳамосаи бузурги интихоботи 19-уми майи соли 2017-ро офарид, бар таомули созанда ва муассир бо ҷаҳон дар чорчӯби қонуни асосӣ таъкид дорад.

 Вай бо ишора ба ин ки низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон муттакӣ ба раъйи мардум аст, таъкид кард, ҳузури мардум боис мешавад, ки низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дучори бунбаст нашавад.

Маросими таъйиди ҳукми раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз- панҷшанбе дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон баргузор шуд ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо тасдиқи раъйи миллат, Ҳасани Рӯҳониро ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб карданд.