Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Пешрафтҳои илмии Эрон боиси нигаронии Ғарб шудааст
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, вокуниши кишварҳои ғарбӣ, бавижа Амрико ба озмоиши мушаки моҳворабари эронии «Симурғ» ба иллати нигаронии онон аз пешрафтҳои илмӣ ва вобаста набудани Эрон ба Ғарб аст.
Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ душман амният ва сукути гӯристониро барои Эрон мехост ва дунболи ин набуд, ки ҷавонони эронӣ рушду ҳаракат дошта бошанд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки душманон барои кишварҳои исломӣ ҳеҷ пешрафте намехоҳанд, хотирнишон кард, ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Эрон таҳаввуле эҷод карданд, бинобар ин акнун душман, ҳамон тавр ки Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд, барои як озмоиши илмӣ ҳам сарусадо роҳ андохтааст. Оятуллоҳ Имоми Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки эрониҳо озими хонаи Худо ҳастанд, ибрози умедворӣ кард, ҳамон тавр ки Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, ҳаҷи ҷомеъ ва ҳамроҳ бо иззату амният ва рифоҳ анҷом шавад.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба маросими таъйиди раёсатҷумҳурии Эрон ҳам ишора кард афзуд, дар низоми исломии Эрон хидмат ба мардум ифтихори арзишманде аст, зеро мардуми Эрон ҳамвора муқобили фишори душманон истодагӣ ва муқовимат кардаанд. Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ ҳамчунин дар хутбаи нахусти намози ҷумъаи Теҳрон нақши Имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёнро дар ривоҷу шиносондани тамаддуни исломӣ ва фарҳанги ташайюъ бебаҳо хонд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо табрики вилодати босаодати имоми ҳаштуми шиаён гуфт, таваккул ба Худованд ва супурдани умур ба ӯ ва расидан ба мақоми ризо сабаби рушди инсон мешавад.