Август 05, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Иқдомҳои давлати ҷадиди Амрико нақзи матни БАРҶОМ аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, давлати ҷадиди Амрико ба думболи он аст, то нагузорад Эрон аз манофеи БАРҶОМ истифода кунад ва ин нақзи матни БАРҶОМ башумор меравад.

   Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон имрӯз (шанбе) дар дидори Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки барои ширкат дар маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, бо ишора ба мушкилоте, ки Амрико дар роҳи иҷрои БАРҶОМ эҷод кардааст, изҳор кард, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико талош мекунад ба ҳазинаи Эрон, БАРҶОМ-ро аз байн бибарад ва ба Иттиҳоди Аврупо лозим аст, дар ин хусус ҳушёр бошад.

  Зариф ҳамчунин бо ишора ба озмоишҳои мушакии Эрон ва низ партоби моҳворабари илмии «Симурғ» ва муғойират надоштани ин иқдомҳо бо қатънома 2231, аз баёнияи ахири се кишвари аврупоӣ, ки ба таври муштарак бо Амрико содир шуд, интиқод ва онро ҳаракате дар масири иштибоҳ тавсиф кард.

  Федерика Могерини низ дар ин дидор бо баёни ин ки ҷомеаи байналмилалӣ манофеи муштараке бо Эрон дар хусуси иҷрои БАРҶОМ дорад гуфт, Иттиҳодия Аврупо қотеъона аз БАРҶОМ ҳимоят мекунад ва ин мавзеи муштараки тамоми кишварҳои аврупоӣ аст.

  Могерини бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон ва ширкат дар маросими таҳлифи Рӯҳонӣ, бар густариши ҳамкориҳои Эрон бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳавзаҳои мухталиф ва бавижа ҳавзаҳои иқтисодӣ таъкид кард.

  Зариф ва Могерини ҳамчунин дар хусуси мавзӯоти минтақаӣ, Сурия ва раванди музокироти Остонаи Қазоқистон, таҳаввулот дар Халиҷи Форс, авзои Яман, Баҳрайн, Ироқ ва муқобила бо терроризми такфирии ДИИШ низ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

  Маросими таҳлифи дувоздаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри имрӯз (шанбе) бо ҳузури мақомоти кишварӣ ва лашкарии Эрон ва мақомоти олирутба аз 92 кишвари ҷаҳон дар саҳни Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон баргузор мешавад.

 

Барчасп