Август 05, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ба унвони раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон савганд ёд кард

Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳафтумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дуввумин давра савганд ёд кард, ки посдори Ислом, низоми Ҷумҳурии исломӣ ва Қонуни асосии Эрон бошад.

  Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, дар 19 майи 2017 бо беш аз 23 миллион раъй дар интихобот пирӯз шуд.

  Ҳасани Рӯҳонӣ асри шанбе дар маросими савгандёд  дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, дар баробари Қуръон карим ва дар ҳузури Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ-раиси қувваи қазоия, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, аъзои Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон, меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, савганд ёд кард.

  Рӯҳонӣ савганд ёд кард, ки посдори мазҳаби расмӣ, низоми Ҷумҳури исломӣ ва Қонуни асосии Эрон бошад ва ҳамаи истеъдод ва салоҳияти худро дар роҳи ифои масъулиятҳое, ки бар ӯҳда гирифта ба кор гирад ва худро вақфи хидмат ба мардум ва рушди кишвар, тарвиҷи дин ва ахлоқ, пуштибониӣ аз ҳаққ ва густариши адолат созад ва аз ҳар гуна худкомагӣ бипарҳезад ва аз озодӣ ва ҳурмати ашхос ва ҳуқуқе, ки Қонуни асосӣ барои миллат шинохтааст, ҳимоят кунад.

  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз адои савганд, матни онро дар ҳузури раиси қувваи қазоия ва аъзои Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон имзо кард ва матни савганд ба Оятуллоҳу Аҳмади Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон таҳвил дода мешавад.

   Дар маросими савгандёди Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, мақомот ва шахсиятҳои кишварӣ ва лашкарӣ ва беш аз 100 ҳайати олирутбаи хориҷӣ ва байналмилалӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон ҳузур доштанд.

 

Барчасп