Август 13, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва намояндаи СММ бар зарурати поёни фоҷиаи инсонӣ дар Яман

Вазири умури хориҷаи Эрон ва намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман, бар зарурати поён додан ба фоҷиаи инсонӣ дар Яман ва ёфтани роҳи ҳалҳои сиёсии ҷомеъ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Исмоил вулд Шайх Аҳмад, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман, ки рӯзи шанбе барои ройзанӣ бо мақомоти Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти Яман гуфтугӯ кард.

Исмоил вулд Шайх Аҳмад бо Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дидор ва дар бораи роҳкорҳои кӯмак ба аз саргирии музокироти сиёсӣ ва ирсоли кӯмакҳои инсондӯстона барои мардуми қаҳтизада ва таҳти муҳосираи Яман гуфтугӯ кард.

Ҷобири Ансорӣ дар ин дидор гуфт, муваффақиятҳо ва талошҳои Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли буҳрони Яман машрут ба риояти бетарафии комили ин созмон барои эътимодсозӣ байни тарафҳои даргир аст.

Намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Яман низ бо таъкид бар ин ки буҳрони Яман роҳи ҳалли низомӣ надорад, аз ҳимоятҳои Эрон барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли мусоламатомез ва барқарории сулҳ дар ин кишвар қадрдонӣ кард.

Вазъияти инсонии Яман бо гузашти 30 моҳ аз ҷангафрӯзии режими Саудӣ, вахимтар шудааст.

Беш аз 400 ҳазор яманӣ ба бемории вабо мубтало шудаанд.

 

Барчасп