Сафари Эрдуғон ба Теҳрон дар ояндаи наздик
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21832-Сафари_Эрдуғон_ба_Теҳрон_дар_ояндаи_наздик
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон пас аз дидор бо раисиҷумҳури Туркия, аз сафари Эрдуғон ба Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 15:21 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эрдуғон ба Теҳрон дар ояндаи наздик

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон пас аз дидор бо раисиҷумҳури Туркия, аз сафари Эрдуғон ба Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷики садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори садо ва симои Эрон, сардор сарлашкар Муҳаммад боқири пас аз дидор бо мақомот олирутба низоми сиёси Туркия гуфт: ду кишвар Эрон ва Туркия мусаммам ба афзоиш равобит дар ҳама заминаҳо ба вежа ҳамкориҳои низомӣ ва дифоъи ҳастанд.

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ идома дод, мақомоти ду кишвар ҳамчунин мувофиқат карданд, ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла табодули донишҷӯ, рафту омади новҳо ба кишварҳои якдигар ва эъзоми нозир ба размоишҳои ду тарафро беш аз беш маддиназар қарор диҳанд.

Генерал Боқирӣ бо ишора ба дидори худ бо раисиҷумҳури Туркия гуфт, оқои Эрдуғон эълом кард, ки дар ояндаи наздик ба Теҳрон сафар хоҳад кард ва Комиссияи роҳбурдии муштараки ду кишвар бо ҳадафи тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомии ду кишвар баргузор мешавад.

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, ҳамчунин аз мухолифати қотеи мақомҳои Эрон ва Туркия бо истиқлоли Курдистони Ироқ хабар дод ва гуфт, ин мавзӯъ се кишвари Ироқ, Туркия ва Эронро даргир хоҳад кард ва ба ҳамин далел Теҳрон ва Анкара таъкид доранд чунин коре имконпазир нест ва набояд сурат бигирад.