Август 13, 2016 21:07 Asia/Dushanbe

Дар остонаи солрӯзи милоди набераи гиромии паёмбари Ислом (с), имоми меҳрбониҳо ва хубиҳо, ҳазрати имом Алӣ бини Мӯсо Аризо (а) ҷаҳони Ислом бавижа Эрони исломӣ саросар нӯру равшанӣ аст.

Шаҳри Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ имшаб ва фардо мизбони миллионҳо зоири дилдодаест, ки аз роҳҳои дуру наздик худро ба ҳарами малакутии имом Ризо (а) мерасонанд.

Имом Ризо (а) дар чаҳордаҳуми август, баробар бо ёздаҳуми залқаъдаи соли 148 ҳиҷрӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шуданд.

Эшон, ки ба сабаби дониши густарда ва тасаллут бар улуми мухталиф ба олими Оли Муҳаммад (с) шӯҳрат доштанд, ҳамаи зиндагии худро вақфи ҳидояти уммати Ислом карданд.

Он ҳазрат дар охирин солҳои ҳаёти нӯронишон буданд ба иҷбори Маъмуни Аббосӣ-Халифаи вақт, ба Хуросон даъват шуданд ва бо дасисаи вай дар шаҳри Тӯс ба шаҳодат расиданд.

Баъд шаҳри Тӯс, ки маҳалли шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) буд ба номи Машҳад шӯҳрат ёфт.

Радио тоҷикӣ милоди он имоми бузургворро, ки ҳарами нӯрониаш паноҳгоҳи дилҳои шефта аст, ба ҳамаи мусулмонон бавижа шумо шунавандагони азиз табрик мегӯяд.

Ҳамкорамон Раҳнамо аз ҳолу ҳавои ин рӯзҳои шаҳри Машҳад, гузориш медиҳад: