Август 22, 2017 15:33 Asia/Dushanbe
  • Тавоноии Эрон барои аз саргирии сареи ғанисозии 20 дарсадии уран

Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ҳушдор ба Амрико дар бораи нақзи тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), аз тавоноии ин созмон барои аз саргирии ғанисозии 20 дарсадии  уран то ҳадди аксари панҷ рӯз дар сайти Фурду хабар дод.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрони дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо гуфт: Теҳрон сайти Фурдуро ба наҳве дар БАРҶОМ тасбит кард, ки агар ирода кунад, то панҷ рӯз метавонад ғанисозии 20 дарсадии уранро дар ин сайти ҳастаӣ оғоз кунад .

Солеҳӣ бо ишора ба иқдомҳои дигари Теҳрон барои муқобила бо нақзи БАРҶОМ тасреҳ кард: Санъати ҳастаии Эрон бо қудрат ба ҷилав ҳаракат мекунад ва ҳаргоҳ ҳайъати назорат бар БАРҶОМ дар Эрон тасмим бигирад, ҷумҳурии исломии Эрон иқдомҳое анҷом хоҳад дод, ки ҳама ғофилгир хоҳанд шуд .

Солеҳӣ бо таъкид бар инки Эрон ҳамчунон ба тааҳҳудҳои худ дар қиболи БАРҶОМ пойбанд аст, афзуд: Авлавияти Эрон ҳифзи БАРҶОМ албатта на ба ҳар қимматест, зеро Теҳрон ин тавофуқро дар чорҷуби масолеҳ ва манофеи миллии худ, минтақаӣ, байналмилалӣ ва низ дар қолаби муоҳидаи манъи тавлиду густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) медонад .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Русия, Чин, Британия, Фаронса, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст ва давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар масири иҷрои БАРҶОМ монеътарошӣ мекунад .

 

Барчасп