Қосимӣ: Истиқболи Эрон аз ҳар гоми созандаи ҳамсоягон барои беҳбуди равобит
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22172-Қосимӣ_Истиқболи_Эрон_аз_ҳар_гоми_созандаи_ҳамсоягон_барои_беҳбуди_равобит
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гоми созанда ва мусбати ҳамсоягон барои беҳбуд ва иртиқои равобит, ҳамвора истиқбол кардааст ва ба-дон арҷ мениҳад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 24, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Истиқболи Эрон аз ҳар гоми созандаи ҳамсоягон барои беҳбуди равобит

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гоми созанда ва мусбати ҳамсоягон барои беҳбуд ва иртиқои равобит, ҳамвора истиқбол кардааст ва ба-дон арҷ мениҳад.

Баҳроми Қосимӣ имрӯз панҷшанбе дар хусуси хабари тамоси телефонии вазири хориҷаи Қатар бо вазири умури хориҷаи Эрон, зимни таъйиди ин гуфтугӯи телефонӣ изҳор дошт, ин тамос шаби гузашта анҷом шуд ва тамоюли тарафи қатарӣ барои бозгардондани сафири худ ба Теҳрон матраҳ шуд, ки Эрон аз ин иқдоми давлати Қатар истиқбол мекунад. Вай афзуд, қаблан сафири Қатар барои бархе машваратҳо ба Доҳа фарохонда шуда буд ва бозгашти муҷаддадаш ба Теҳрон тасмим ва иқдоми мантиқӣ ва мусбат арзёбӣ мешавад.

Қосимӣ гуфт, сиёсати усулӣ ва ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаи равобит бо тамоми ҳамсоягон буда ва хоҳад буд ва Эрон ҳамвора омодагӣ дорад дар чорчӯби эҳтироми мутақобил ва ҳифзи манофеи муштарак, равобити беҳтаре бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва перомунии худ дошта бошад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон афзуд, танҳо роҳи таъмини амният ва субот ва фароҳам кардани заминаҳои тавсеаи иқтисодӣ дар минтақа, оддисозӣ ва густариши равобит миёни кишварҳои минтақа ва дахолат накардани кишварҳои фаромитақавӣ дар умури минтақа аст ва Эрон омодагӣ дорад дар ҷиҳати таомули ҳар чӣ бештари ин кишварҳо ва ҳаллу фасли бархе ибҳомот ва мушкилот миён онҳо талош кунад.

Муҳаммад бин Абдурраҳмон Ол Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар бомдоди имрӯз панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, бозгашти сафири Доҳаро ба Теҳрон иттилоъ дод. Қатар сафири худро январи соли гузашта таҳти фишорҳои Арабистон ба Доҳа фарохонда буд.