Париж мабҳути ҳунарнамоии куштигири эронӣ
Намояндаи куштии озоди Эрон дар вазни 86 килограмм дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Париж бо пирӯзӣ дар баробари ҳарифи словакияии худ, медали тиллои ин рақобатҳоро бар гардан овехт.
Дар мусобиқоти чаҳор вазни нахусти рақобатҳои куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар Париж пойтахти Франса оғоз шудааст, Ҳасани Яздонӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вазни 86 килограмм ба масофи ҳарифонаш рафт ва тавонист бо иқтидор медали ин вазнро аз они худ кунад.
Дар вазни 86 килограмм 34 нафар ҳузур доштанд ва Ҳасани Яздонӣ пас аз истироҳат дар даври аввал, дар даври дувум бо натиҷаи 12 бар 2 муқобили Азамат Давлатбеков ноиби қаҳрамони Осиё аз Қазоқистон ба пирӯзӣ расид.
Вай дар даври севум ва чаҳорум низ бо натиҷаи 10 бар сифр Питер Янолов дорандаи медали нуқраи бозиҳои аврупоӣ аз Молдова ва Александр Гостев ноиби қаҳрамони Аврупо аз Ҷумҳурии Озарбойҷонро шикаст дод ва ба марҳалаи ниманиҳоии вазни 86 килограмм қадам гузошт.
Ин паҳлавони эронӣ барои ҳузур дар финал бо натиҷаи 4 бар сифр муқобили Владислав Валев дорандаи медали тиллои ҷавонони ҷаҳон аз Русия ба пирӯзӣ расид ва финалист шуд.
Яздонӣ дар дидори ниҳоӣ низ ба масофи Борис Макаев аз Словакия рафт ва дар камтар аз се дақиқа бо бартарии 10 бар сифр ин ҳарифи қудратманди худро шикаст дод ва медали тиллои рақобатҳои куштии озоди ҷаҳон 2017-ро бар гардан овехт.
Ҳасани Яздонӣ пеш аз ин қаҳрамони олимпӣ 2016 Риоро низ дар корномаи варзишии худ сабт кардааст.