Чаро доллар дигар паноҳгоҳи амни ҷаҳон нест?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121348
Порс Тудей - Пас аз даҳаҳо талоши Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои ҳифзи султаи доллар бар низоми молии ҷаҳон, акнун шароити доллар ба нуқтаи ҳушдор расидааст.
(last modified 2025-08-04T12:41:23+00:00 )
Август 04, 2025 15:35 Asia/Dushanbe
  • Чаро доллар дигар паноҳгоҳи амни ҷаҳон нест?

Порс Тудей - Пас аз даҳаҳо талоши Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои ҳифзи султаи доллар бар низоми молии ҷаҳон, акнун шароити доллар ба нуқтаи ҳушдор расидааст.

Ба гузориши Порс Тудей, бо вуҷӯди онки доллари Амрико барои даҳаҳо ба унвони арз(асъор)-и захираи ҷаҳонӣ ва паноҳгоҳи амн дар буҳронҳои молӣ шинохта мешуд, акнун нишонаҳое аз тазалзули ин мавқеъият дида мешавад. Тибқи гузориши тозае аз Андешкдаи Brookings, бесуботии сиёсӣ ва молии ношӣ аз сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Иёлоти муттаҳида, бавижа дар даврони Доналд Трамп боис шуда, бисёре аз кишварҳо ва сармоягузорони ҷаҳонӣ дар эътимод ба доллар таҷдидиназар кунанд. Андешкдаи Brookings ҳушдор додааст, ки вазъияти доллар ба «нуқтаи ҳушдор» расида ва бисёре аз сармоягузорони хориҷӣ, ки то пеш аз ин, доллару авроқи хазонадории Амрикоро амнтарин дороиҳо медонистанд, акнун дар ҳоли таҷдидиназар ҳастанд.

Арзиши доллар дар ҳафтаҳои ахир коҳиш ёфта, он ҳам дар шароите, ки нархи баҳра дар Амрико афзоиш ёфтааст; иттифоқе, ки ба таври маъмул бояд ба тақвияти доллар мунҷар шавад. Ин ноҳамхунӣ аз диди коршиносони молӣ, ба маънои беэътимодии бозорҳо ба ояндаи иқтисоди Амрико талаққӣ шудааст. Шабоҳатҳое, ки миёни вазъияти феълии Иёлоти муттаҳида ва буҳрони иқтисодии Британия дар соли 2022 вуҷӯд дорад, боиси нигаронии бисёре аз таҳлилгарон шудааст. Дар он замон низ афзоиши қарзи давлати Британия боиси коҳиши шадиди арзиши фунт ва афзоиши боздиҳии авроқи қарза шуд. Акнун падедае мушобеҳ дар Амрико дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Гузоришҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, шохиси доллар, ки қудрати ин арзро баробари сабаде муташаккил аз 6 арз аз ҷумла фунт, евро ва yen месанҷад, дар нимаи нахусти соли ҷории милодии 1.8 дарсад уфт доштааст.

Бинобар баррасиҳои анҷом шуда, доллари Амрико барои нахустин бор аз соли 1973 токунӯн, бадтарин амалкарди худро дар 6 моҳи нахусти соли ҷории милодӣ бар ҷо гузошта ва сиёсатҳои иқтисодии Трамп, сармоягузорони саросари ҷаҳонро бар он дошта то дороиҳои долларии худро ба суръат бифурӯшанд; иттифоқе, ки ҷойгоҳи долларро ба шиддат ба хатар андохтааст.

Агарчӣ бисёре аз коршиносон нисбат ба коҳиши арзиши доллар аз муддатҳо қабл ҳушдор додаанд, аммо акнӯн ба далоили сиёсӣ ва тасмимоти иқтисодии раисиҷумҳури Амрико, ин мавзӯъ суръат гирифтааст.

Дар буъди иқтисодӣ метавон аз далоиле чун афзоиши қарзи умумии Амрико, беэътимодӣ ба сиёсатгузориҳои иқтисодӣ, сиёсатҳои инбисотии пулӣ, коҳиши тақозои ҷаҳонӣ барои доллар, ноитминонии сиёсӣ дар дохили Амрико, таварруму коҳиши қудрати хариди дохилӣ ном бурд.

Яке аз муҳимтарин далоили коҳиши арзиши доллар, ҷанги тиҷорӣ аст, ки Доналд Трамп бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон оғоз кардааст. Бастани тарофаҳои сангин боиси афзоиши тарсу нигаронии сармоягузорон шудааст; зимни инки кишварҳоро ба ҳамкорӣ бо дигар шурако суқ додааст. Ҳамчунин доллари заъиф, сармоягузорони амрикоиро низ ба самти сармоягузорӣ дар бурсҳои хориҷӣ тарғиб кардааст; чунон ки шохиси «Стокс 600»-и Аврупо, ки дарбар дорандаи саҳоми 600 ширкати бузурги аврупоӣ аст, аз оғози соли ҷории милодӣ, ҳудӯди 15 дарсад рушд доштааст.

Аз суи дигар, давлати Трамп ба сурати бесобиқае аз қудрати доллар ба унвони як абзори фишори сиёсӣ истифода карда ва мекунад. Дар ин росто таҳримҳои иқтисодии Амрико абъоди густардатаре ба худ гирифтааст. Иёлоти муттаҳида бо истифода аз ҷойгоҳи доллар дар мубодилоти ҷаҳонӣ, кишварҳое чун Эрон, Русия ва Венесуэларо дар ростои табаъият аз сиёсатҳои маддиназари худ ба шиддат таҳти фишор қарор додааст ва бархе дигар аз кишварҳоро низ таҳдид ба барқарории тарофа кардааст. Ҳамин истифодаи абзорӣ аз қудрати молии доллар, муҷиб шуд, ки бисёре аз кишварҳо нисбат ба инки тамоми захоири арзӣ ва масирҳои пардохти байналмилалии худро ба он гиреҳ бизананд дучори тардид шаванд. Аз ин рӯ, бисёре аз кишварҳо дар ҳоли баррасии гузинаҳои ҷойгузин ҳастанд. Барои мисол Чин ба таври густардае дар ҳоли тарвиҷи истифода аз юан дар муомилоти дуҷониба аст. Русия низ бахши зиёде аз захоири долларии худро ба евра ва тилло табдил кардааст.

Аз суи дигар, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва эҷоди иттиҳодияҳои ҷадиди иқтисодӣ чун БРИКС низ гомҳое барои кам кардани вобастагӣ ба доллар дар системаи иқтисоди байналмилал аст. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ин замина гуфт: ҷомиаи ҷаҳонӣ тамоюли бештаре барои эҷоди созукорҳои мустақил аз Ғарб пайдо карда ва шарқу ҷануби ҷаҳонӣ дар ҳоли табдил шудан ба неруи аслии пешрони рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастанд. Бозорҳои молӣ низ ин тағйири нигаришро таъйид мекунанд . Дар гузориши Брукингс омадааст, ки сармоягузорони хориҷӣ, ки солҳо доллару авроқи хазонадории Амрикоро ба унвони амнтарин дороии мумкин мешинохтанд, акнун ба тадриҷ дар ҳоли интиқоли дороиҳои худ ба бозорҳои дигар ҳастанд. Ин падида боис шудааст, ки навъе «подоши риск» барои доллар шакл бигирад, ба ин маъно, ки сармоягузорон барои нигаҳдории дороии долларӣ, интизори боздеҳии бештаре нисбат ба гузашта доранд. Ин яъне он эътимоди беқайду шарти собиқ ба доллар дигар вуҷуд надорад.

Акнун бисёре аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки агар раванди феълӣ идома пайдо кунад, мумкин аст доллар ба ҷои инки паноҳгоҳе амн дар замони буҳронҳо бошад, худ ба манбаи буҳрон табдил шавад. Ин мавзуъ албатта ба маънои нобудии фаврии доллар нест, аммо нишондиҳандаи аз даст додани ҷойгоҳи пешини доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ аст.

Дар маҷмӯъ, ончӣ акнун шоҳид ҳастем, нишонаҳоест аз буҳроне амиқ; ин буҳрон, нишонае аз беэътимодии фазояндаи ҷаҳонӣ ба сиёсатгузории иқтисодӣ ва байналмилалии Иёлоти муттаҳида аст; ба тавре, ки агар давлати Амрико натавонад эътимоди аз даст рафтаро бозсозӣ кунад, аз шаффофият дар тасмимгирии иқтисодӣ дифоъ кунад ва ба ҷои абзорсозӣ аз қудрати доллар, ба дунболи эҷоди ҳамкориҳои молии чандҷониба набошад, султаи доллар бар низоми ҷаҳонӣ ба тадриҷ поён хоҳад ёфт.

Ба назар мерасад посух ба ин пурсиш, ки «оё доллар ҳанӯз паноҳгоҳи амни ҷаҳон аст?» Ҳар рӯз беш аз пеш ба «на» наздиктар мешавад.