Оғоз бакори дубораи сафири Қатар дар Теҳрон
(last modified Sat, 26 Aug 2017 11:00:31 GMT )
Август 26, 2017 16:00 Asia/Dushanbe
  • Оғоз бакори дубораи сафири Қатар дар Теҳрон

Сафири Қатар дар Теҳрон, фаъолияти худро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Эрон азсар гирифт.

Ба гузориши ИСНО, як манбаи огоҳи хабарӣ дар сафорати Қатар дар Теҳрон, гуфт, Алӣ бин Аҳмадалӣ Ал Салитӣ, сафири Қатар дар Теҳрон, ки рӯзи ҷумъа ба Эрон бозгашта, аз имрӯз фаъолияти худро дар сафоратхонаи Қатар дар Теҳрон оғоз кардааст.

Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта (23 август) вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар, телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд ва дар ин гуфтугӯи телефонӣ, вазири хориҷаи Қатар аз бозгашти сафири ин кишвар ба Теҳрон хабар дод.

Пештар вазорати хориҷаи Қатар дар баёнияе эълом карда буд, сафири ин кишвар дар Эрон, ки ҳудуди 18 моҳ пеш аз Теҳрон фарохонда шуда буд, бори дигар ба Теҳрон фиристода хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Қатар ҳамчунин дар баёнияи худ, бар тамоюли ин кишвар ба тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда буд.

Қатар ҳудуди 18 моҳ пеш дар пайи қатъи равобити дипломатии Эрон ва Арабистон дар ҳимоят аз давлати Риёз, сафири худро аз Теҳрон фарохонда буд.