Оғоз бакори сафири Қатар дар Теҳрон
Сафири Қатар дар Теҳрон, фаъолияти худро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Эрон оғоз кард.
Ба гузориши ИСНА, як манбаи огоҳи хабарӣ дар сафорати Қатар дар Теҳрон, гуфт, Алӣ бин Аҳмадалӣ Ал Салитӣ, сафири Қатар дар Теҳрон, ки рӯзи ҷумъа ба Эрон бозгашта, аз имрӯз фаъолияти худро дар сафоратхонаи Қатар дар Теҳрон оғоз кардааст.
Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта (23 август) вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар, телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд ва дар ин гуфтугӯи телефонӣ, вазири хориҷаи Қатар аз бозгашти сафири ин кишвар ба Теҳрон хабар дод.
Пештар вазорати хориҷаи Қатар дар баёнияе эълом карда буд, сафири ин кишвар дар Эрон, ки ҳудуди 18 моҳ пеш аз Теҳрон фарохонда шуда буд, бори дигар ба Теҳрон фиристода хоҳад шуд.
Вазорати хориҷаи Қатар ҳамчунин дар баёнияи худ, бар тамоюли ин кишвар ба тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда буд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳам рӯзи панҷшанбе бо истиқбол аз бозгашти сафири Қатар ба Теҳрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гоми созанда ва мусбати ҳамсоягон барои беҳбуд ва иртиқои равобит, ҳамвора истиқбол кардааст.