Рӯҳонӣ: Миллати Эрон аз таҳдидҳо тарсе надорад
(last modified Sun, 27 Aug 2017 08:34:23 GMT )
Август 27, 2017 13:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллати Эрон аз таҳдидҳо тарсе надорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, миллати Эрон аз таҳдидоту тавтеаҳои хориҷӣ тарсе надорад, зеро наҳросидан аз бегонагонро аз Имом Хумайнӣ (раҳ.) омӯхтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросими таҷдиди аҳди ҳайати давлаташ бо ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар ҷанги ҳаштсолаи таҳмилӣ алайҳи Эрон, ки ҳама қудратҳои ҷаҳонӣ аз мутаҷовизин ҳимоят мекарданд, ба миллати Эрон омӯхт, ки чӣ гуна як миллати дорои иродаи мустаҳкам метавонад дар баробари анвои тавтеаҳо истодагӣ кунад. Раисҷумҳури Эрон Қонуни Асосӣ, орои мардум ва интихобот, парлумони озод, давлати муқтадир ва истиқлоли додгоҳҳоро аз ёдгорҳои Имом Хумайнӣ (раҳ.) дониста гуфт, Имом Хумайнӣ (раҳ.) исломият ва ҷумҳуриятро бо ҳам барои мардуми Эрон ба армуғон овард ва нишон дод, дину иҷрои аҳкоми илоҳӣ дар сояи ҳокимияти миллӣ ва мардумсолорӣ ба тасаллути мардум бар сарнавишти худ мунҷар хоҳад шуд.

Муҳаммадалии Раҷоӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар, нахуствазири Эрон дар соли 1981 дар инфиҷори террористии дафтари нахуствазир ба дасти аносири гурӯҳаки террористии мунофиқин ба шаҳодат расиданд. Барои гиромидошти ёду хотираи ин шаҳидон аз 24-ум то 30-юми август дар Эрон «Ҳафтаи давлат» номгузорӣ шудааст.