Август 28, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Эҷоди ҷомеаи исломӣ ниёзманди мубориза аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳифз ва идомаи чорчӯби инқилобиро душвор ва ниёзмандм мубориза донистанд ва афзуданд: “Ҳамчунон ки пирӯзии инқилоб ниёзманди мубориза буд, тасбити меъёрҳои инқилоб ва эҷоди ҷомеаи исломӣ ҳам ниёзманди мубориза аст”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи душанбе дар остонаи оғози соли таҳсилии мадориси илмия, дар дидори ҷамъе аз фозилон ва толибилмони ҳавзаи илмияи устони Теҳрон таъкид карданд: “Ислом ҳарфҳои нав ва ҷаззобе дар заминаи инсон, ҷомеа ва сиёсат дорад, ки агар ба гӯши ҷаҳониён расонида шавад, қатъан пазирандаи бисёре хоҳад дошт”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯҳониятро идомадиҳандаи вазифа ва рисолати анбиё баршумурданд ва таъкид карданд: “Ҳамон гуна, ки анбиё дар пайи эҷоди заминае барои ҳокимияти ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва эҷоди ҳаёти тайиба буданд, муҳимтарин вазифаи рӯҳоният низ ифои ҳамин рисолат аст.

Эшон ба ташкили низоми исломӣ дар Эрон ишора карданд ва афзуданд: “Ҳоким будани фазои исломӣ бар ҷомеа яке аз вижагиҳои ин даврон аст, илова бар он дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба иллати сархӯрдагӣ аз бенатиҷа будани тафаккуроти марксистӣ ва либералистӣ як халои фикрӣ вуҷуд дорад, ки заминаро барои ироаи ҳарфҳои нави тафаккури исломӣ фароҳам кардааст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ вуҷуди васоил ва абзорҳои иртибототӣ ва расонаии фарогире бавоситаи шаклгирии фазои маҷозиро яке дигар аз вижагиҳои даврони кунунӣ барои расонидан паёми ҳаётбахши Ислом баршумурданд ва гуфтанд: “Яке дигар аз имтиёзоти ин даврон касрати саволҳо ва шубҳаҳо дар зеҳнҳо аст, ки ҳамин зиёд будани саволҳо зеҳнҳоро барои ёфтани посухҳо фаъол ва заминаро барои убур аз марзҳои илм фароҳам хоҳад кард”.

 

Барчасп