Зариф: Никки Ҳейли аз матни Барҷом беиттилоъ аст
(last modified Wed, 30 Aug 2017 16:39:20 GMT )
Август 30, 2017 21:39 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон изҳороти намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тавофуқи ҳастаиро нишони беиттилоии ӯ аз матни ин тавофуқ донист.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф гуфт, Барҷом (тавофуқ ҳастаӣ) дар ҳама ҳавзаҳое, ки Никки Ҳейли дар бораи он изҳори назар карда, комилан сареҳ ва равшан аст ва иддаои намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид аз асос ҳарфи ғалатест.

Никки Ҳейли 23-юми август, пас аз дидор бо Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена муддаӣ шуд, Барҷом ҳеҷ ҷудосозие миёни боздид аз сайтҳои низомӣ ва ғайринизомии Эрон қоил нашудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Ҳейли наметавонад хостаҳо ва орзуҳояшро ба унвони эроди Барҷом матраҳ кунад, зеро ин тавофуқ дорои чорчӯби комилест ва роҳкорҳоро дар ҳамаи заминаҳо мушаххас кардааст.