Посухи Зариф ба зиёдахоҳии амрикоиҳо
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба зиёдахоҳии Вашингтон аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои боздид аз марказҳои низомии Эрон, дар Твиттер ба амрикоиҳо тохт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба исрори амрикоиҳо бар ин мавзӯъ, ки тавофуқи ҳастаӣ иҷозаи бозрасӣ ба марказҳои низомии Эронро медиҳад, дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Ростиозмоии пойбандии Эрон ба Барҷом аз сӯйи ожонс, бар мабнои матни мувофиқатнома анҷом мешавад, на бар асоси ангезаҳои ниҳонии мақомоти амрикоӣ ва ё лоббигарон”.
Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки бозрасон аз вай фармон мегиранд ва гузориши пойбандӣ ё адами пойбандии Эрон ба Барҷом бо имзои ӯ мунташир мешавад, бомдоди ҷумъа муддаӣ шуда буд, бар асоси шароити мавриди тавофуқи Эрон дар ҳавзаи бозрасиҳо, ожонс бидуни тафовут қоил шудан миёни марокизи низомӣ ва ғайринизомӣ, ба ҳамаи онҳо дастрасӣ дорад.
Манзури Амоно аз шароити мавриди тавофуқ ҳамон мӯхтавои Барҷом аст.
Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид чанде қабл дар сафар ба Вена талош кард Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомиро ба эъзоми бозрасони худ ба сайтҳои низомии Эрон тарғиб кунад.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба дидори Ҳейли ва Амоно, бозрасӣ аз сайтҳои низомии Эронро “танзпардозӣ” ва “хобе ки таъбир нахоҳад шуд”, дониста ва таъкид карда буд, Эрон кишвари қудратманде аст, ки бо бумисозӣ роҳи худро идома медиҳад.