Сентябр 06, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳодӣ (а)

Имом Ҳодӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина ба дунё омад ва таҳти роҳнамои‎ҳои падари бузургавораш Имом Ҷавод (а) қарор гирифт ва баъд аз риҳлати падар, ӯҳда‎дори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуд.

Имом Ҳодӣ (а) дар даврони ҳаёти нуронии худ дар муаррифии симои тобноки исломи ростин, талоши бисёр карданд ва бо баргузории ҷаласоти мутааддиде дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ ба саволот ва шубаҳоти матраҳ шуда посух доданд.

Илм ва дониши густурдаи Имом Ҳодӣ (а) аз яксӯ ва маҳбубият ва ҷозибаи эшон дар миёни мардум аз сӯи дигар, ҳамвора буғзу кинаи ҳокимони Аббосиро нисбат ба ин гавҳари тобнок бармеангехт, то ин ки бо дасиса‎е, он ҳазратро ба шаҳодат расонданд.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Ҳодӣ (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрик ме‎гӯяд.

 

Барчасп