Сентябр 07, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - Бахши чаҳорум

Бахши чаҳоруми дастнавиштаҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар даврони маъмурияташ дар ин кишварро дар зер мехонед.

Дар айёми маъмуриятам дар Тоҷикистон, хотироти зиёде аз фарҳехтагони солхурдаи тоҷик дар бораи машаққатҳое, ки дар даврони тасаллути Шӯравӣ барои ҳифзи забону фарҳанг ва динашон мутаҳаммил шуда буданд, шунидам ва хондам, ки ҳамагӣ нишон аз умқи имон ва эътиқоди мустаҳками онҳо ба ислом ва фарҳанги ниёгон дорад.

Дар ҳамон рӯзҳои аввали маъмуриятам мутаваҷҷеҳ шудам, зеҳнияте ки аз "коммунист" дар зеҳни мо ҳаст (фарди бедин), дар Тоҷикистон мисдоқ надошт, зеро ҳатто онҳое ки узвияти ҳизби коммунистро доштанд ва ба он меболиданд, мегуфтанд "Алҳамдулиллоҳ мусулмонем"! Пирамарде, ки солҳо узви ҳизби коммунист буд, таъриф мекард, ки ба ҳангоми фавти модараш дар замони Сталин, аз тарси руасои коммунисташ, ки аз Москва омада буданд, натавониста буд модарашро бо риояти маросими исломӣ дафн кунад, нимаи шаб ба иттифоқи чанд тан аз маҳорим набши қабр карда ва модарашро ғуслу кафан ва дафн мекунанд.

Барои банда хеле ҷолиб буд, ки дар соли 1992 ба ҳангоми баргузории маросими ёдбуди Ҷаббор Расулов раиси ҷумҳури асбақи Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ, бонуи солхурдае дар поёни суханрониаш гуфт: "… Чиҳил сол аст коммунист ҳастам, коммунист мемонам, (Ҷаббор Расулов) ҷояш ҷаннат бошад"! Яке дигар аз сарони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар поёни ҳамин маросим ба дӯстонаш гуфт: "Биравем хонаи Ҷаббор Расулов як фотиҳа бидхонем"!

Достонҳои зиёде аз ин даст вуҷуд дорад, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз имони қалбии тоҷикон ба ислом буда ва нишон медиҳад ҳарчанд риояти бархе аз шаоир иҷборан канор гузошта шуда буд, вале решаи ислом дар байни тоҷикон қавитар аз он буда, ки фишорҳо ва мамнуъиятҳои замони коммунистӣ ҳам битавонад онро аз байн бибарад. Ба қавли яке аз асотиди барҷастаи тоҷик: "Дар замон Шӯравӣ андаруни мо тоҷик монда, вале беруни мо шабеҳи русҳо шуда буд".

Шаклгирии ҳаракатҳои мусолиматомези исломии махфӣ байнӣ тоҷикон дар солҳои охири ҳукумати Шӯравӣ низ ба далели ҳамин эътиқодоти мазҳабии қавии онон буд.

Дар соли  1992 (1371) замоне, ки китоби омӯзиши хатти ниёгон ба кумаки асотиди тоҷик ва вазорати омӯзишу парвариш ва бо ҳиммати доктор Ҳаддоди Одил дар теъдоди 200 ҳазор нусха чоп ва тавассути сафорат тавзеъ гардид ва теъдоде аз онҳо ба Самарқанд ва Бухоро низ расид, чанд моҳ баъд иттило ёфтем, ки чун дар сафаҳоти охири он китоб оёти аз Қуръон низ чоп шуда, ба хотири қадосати онҳо ҷузви ҷаҳизияи арӯсҳо гузошта мешавад. (Лозим ба зикр аст, ки дар он айём Қуръон дар дастраси бештари мусулмонони Осиёи Миёна набуд ва ҳамон тавр, ки дар боло ишора шуд, аз далоили умдаи тағйири хат, дур намудани мардуми мусулмони Осиёи Миёна ва Қафқоз аз таолими Қуръон ва фарҳанг ниёгонашон буд). Барои хонандаи эронӣ ҷолиб аст, бидонад, ки эҳтиром ба аҳли байт дар Тоҷикистон бисёр боло аст. Агар касе соҳиби фарзанд дугоники духтар бошад, ҳатман номи онҳо Фотима ва Зуҳро гузошта мешавад ва агар писар бошанд Ҳасан ва Ҳусайн номгузорӣ мешаванд.

 Тоҷикон дар Самарқанд ва Бухоро аз садри ислом ҳамвора дар густариш ва нашр илму ҳикмат ва омӯзаҳои динӣ пешрав ва мадориси динии Бухоро дар гузашта шӯҳраи офоқ буда ва аввалин тафосири Қуръон дар Бухоро навишта шудааст. Ҳамин пешинаи дурахшон ва фарҳанги ғанӣ буд, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо ва дар муқобили ҳамлаи ақвоми мухталиф муҳофизат кардааст. Тоҷикон дар остонаи фурӯпоши Шӯравӣ (ки андаке фазо боз шуда буд) ва пас аз истиқлол ба суръат ба эҳёи ин ва фарҳанг ва дини худ пардохтанд ва забону фарҳанги ниёгонро меҳвари ҳуввияти миллӣ ва таҳкими равобит бо кишварҳои ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро дар зумраи авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин кишвар қарор доданд.

Таҳаққуқи сулҳ дар Тоҷикистон ҳикоят аз инояти Худованди бузург ба ин диёри бостонӣ, сабақ гирифтан аз фарҳанги ғанӣ ва ойини ниёгон ва муҳиммтар аз ҳама воқеънигарии сиёсӣ ва дурандешии шахсиятҳое мисли Эмомалӣ Раҳмон, марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва раҳбарони ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва тоифаҳои мухталифи Тоҷикистон дар баробари ин фоҷиаи миллӣ ва талошу миёнҷигарии Эрон ва Русия буд. Яке аз муҳимтарин фарозҳои равобити Эрон ва Тоҷикистон, нақши Эрон дар пешбурди музокироти сулҳи Тоҷикистон аст, ки бидуни тардид ва ба гуфтаи соҳибназарони сиёсӣ бидуни миёнҷигарии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон муҳаққақ намешуд.

Пеш аз пардохтан ба нақши Эрон дар сулҳсозӣ дар Тоҷикистон, мухтасаран ба равобити дипломатии байни ду кишвар мепарозем.

Биступанҷ соли пеш дар рӯзи 8 январи 1992 (18 даймоҳи 1370) ҳайате муташаккил аз мақомоти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба сарпарастии Аббоси Маликӣ муовини вақти омӯзиш ва пажӯҳиши вазорати умури хориҷа соати 4 баъд аз зуҳр бо як ҳавопаймо вориди фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон гардид. Бо вуҷуди сардии ҳаво ва барфе, ки рӯй замин нишаста буд, иддаи зиёде аз мардум (ки ба далели таъхири парвоз, соатҳо дар сармо истода буданд) аз фурудгоҳ то маҳали истиқрори ҳайат бо шохаҳои гул ба гармӣ истиқбол намуданд ва чанд соат пас аз вуруд, бо ҳузури адибон ва шоирони эронии ҳозир дар ҳайат (ба сарпарастии доктор Ҳаддоди Одил) ва шуарои тоҷик (ба сарпарастии марҳум Лоиқ Шералӣ), шаби шеъри фаромӯшнашуданӣ ороста шуд. Фардои он рӯз мулоқот бо раиси ҷумҳурии вақт (марҳум Раҳмон Набиев) ва дигар мақомоти сиёсӣ анҷом ва музокироти марбут ба таъсис ва низ чигунагии тавсиаи равобит анҷом пазируфт ва нигоранда ба унвони аввалин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муаррифӣ ва ба кор шурӯъ кардам. Ба ин тартиб Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре буд, ки дар пайи касби истиқлоли Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе сафорати худро боз ва иродаи худро барои барқарорӣ ва тавсиа ҳамкории дӯстона бо ин кишвари ҳамзабон ва ҳамреша эълом кард.

Тоҷикистон низ ба барқарорӣ ва густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқамандии зиёде дошт ва ба ин далел буд, ки ба маҳзи эъломи истиқлол, давлати ин кишвар ҳамкорӣ бо Эронро ба унвони кишвари ҳамзабон яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати хориҷии худ таъйин кард. Ба далели таваҷҷуҳи болои тоҷикҳо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1992 (тирмоҳи 1371) аввалин сафари хориҷии худро ба Теҳрон анҷом дод.

Робитаи Эрон бо Тоҷикистон ба ғайр аз мулоҳизоти сиёсӣ ва иқтисодӣ аз вижагихои дигаре бархурдор буда ва он қаробати фарҳангӣ ва тамаддунии Эрон ва Тоҷикистон буда, ки боис гардид равобити ду кишвар фаротар аз мулоҳизоти сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор гирад ва равобити мардумӣ низ густариш ёбад.

Бо вуҷуди таблиғоти манфии бархе аз кишварҳои минтақа ва неруҳои сиёсии мухолифи густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон, ҳадафи аслии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои таъсиси сафорат тавсиаи равобити расмии ҳамаҷониба бо давлати Тоҷикистон будааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ нигоҳи амалгароёна дошт. Фурӯпошии Шӯравӣ вазъияти тавозуни қувваҳо дар марзҳои шимолиро ба суди Эрон тағйир дода ва фазои фаъолияти ҷадидеро дар муқобили дастгоҳҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон гушуда буд ва таҳкими истиқлоли кишварҳои бозмонда аз Шӯравӣ ва барқарории сулҳу суботи ин кишварҳо, ки боиси густариши равобити иқтисодӣ бо онҳо мешуд, фурсати стратегии муҳимме барои Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мегардид, бинобар ин фурсати пешомадаро муғтанам шумурда ва бо тарроҳии сиёсати амалгароёна, густариши равобит бо маҷмӯаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба мувозоти густариши робита бо Русияро дар дастури кори худ қарор дод.

Зикри ин нукта бемуносибат нест, ки бо фосилаи як моҳ пас аз таъсиси сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пойтахти Тоҷикистон, Ҷеймс Бейкер вазири хориҷаи вақти Амрико дар сафари якрӯза ба Душанбе ба таври талвеҳӣ эълом кард, ки чун Эрон сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, Амрико низ иқдом ба таъсиси сафорат хоҳад намуд ва чанд ҳафта баъд сафири Амрико ба Душанбе эъзом гардид.

Мавзеи Русия (ки дар он айём аз барқарории равобити Эрон бо Тоҷикистон чандон дили хуше надошт), пас аз оғози тазоҳурот ва даргириҳои дохилӣ дар Душанбе ва рӯйи кор омадани давлати мусолиҳаи миллӣ дар баҳори 1992 (1371), ҷилавгирӣ аз густариши равобити Эрон бо Тоҷикистон буд, зеро аз назари русҳо ҳукумати мусолиҳаи миллӣ тарафдори Эрон талаққӣ мешуд ва ин ҳукумат аз дидгоҳи Русия ва Узбакистон таҳдиде барои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меомад. Амрико низ бо ин истидлол, ки ин ҳукумати мусолиҳаи миллӣ омили тақвияти бунёдгароӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад, бо он мухолифат мекард.

Андрей Козеров вазири хориҷаи вақти Русия дар сентябри 1993 дар мулоқот бо Маҳмуди Воизӣ муовини вақти вазири хориҷаи Эрон ба сароҳат эълом намуд, ки Тоҷикистон минтақаи амниятӣ ва ҳавзаи манофеи миллии русҳо аст ва Русия нисбат ба авзои Тоҷикистон наметавонад бетафовут бошад ва ба ҳар қимате, ки шуда дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд. Дар посух, Воизӣ ба нақши миёнҷигаронаи Эрон таъкид намуда ва хостори мусоидати русҳо барои ҳалли сиёсии даргириҳои байни тоҷикон шуд.

Сенкеевич нахустин сафири Русия дар Тоҷикистон низ барои интиқоли ин матлаб он қадар аҷала дошт, ки дар оғози аввалин дидори ташрифотии худ бо нигоранда, қабл аз ҳар гуна сухане ба сароҳат гуфт, ки мо 70 сол аст, ки дар ин кишвар ҳузур дорем ва хоҳем буд! Банда ҳам зимни таъйиди ҳарфи сафир ба вай гуфтам тардиде нест, ки шумо дар ҳафт даҳаи гузашта равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии густардае бо Тоҷикистон доштаед ва идома хоҳед дод, вале агар шумо аз мардуми оддии ин кишвар ҳам савол кунед хоҳанд гуфт, ки мо қарнҳост, ки инҷо ҳузур дорем ва равобити мо чандин ҳазор сол собиқа дорад! Чун мо аз як нажод ва як таърих ва як фарҳангем. Эрон ба думболи барқарории сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон мебошад.

Дар моҳҳои аввали фурӯпошии Шӯравӣ, ки даврони моҳи асали равобити Русия ва Амрико буд, сафирони ин ду кишвар аз густардагии фаъолиятҳои сафири Эрон дар Тоҷикистон ва ҳузури вай дар маҳофил ва маросимҳои мухталиф нохурсанд буда ва тибқи шунидаҳо аз манобеи мувассақ, ба мушавваш намудани зеҳни мақомоти тоҷик пардохта ва хоҳони поён овардани сатҳи равобити ду кишвар буданд. Мутаассифона, сафирони мазкур таваҷҷуҳ надоштанд, ки агар сафири Эрон дар ҳама ҷо ҳузур дорад ва мавриди истиқбол қарор мегирад, ба сабаби яке будани нажод ва таъриху фарҳанги вай бо тоҷикон аст ва байн ӯ ва мардуми тоҷик фосилае нест. Ба навиштаи яке аз фарҳехтагони тоҷик: "... Шабистарӣ намояндаи ростини Эрон дар Тоҷикистон буд ва парчами меҳанаш болои сараш дар эҳтизоз буд ва ӯ дар ҳама ҷо ба унвони мунодии ҷонбаркафи сиёсати хориҷии кишвараш арзи ҳастӣ менамуд. Аммо дар садҳо маҳфили мухталифи хурду бузург аз ҷашнҳои арӯсӣ то маросимҳои милливу мазҳабӣ, ӯ ба монанди порае аз ҷигари миллати тоҷик ба чашм мерасид. Аз тамаддуни пурбор ва гаронсанги Эронзамин сухан мепирост."

Гарчи Русия дар ибтидо Эронро рақиби худ дар Тоҷикистон талаққӣ мекард, вале ба тадриҷ дарёфт, ки бидуни ҳамкории мутақобил бо Эрон, истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва хотима додан ба даргириҳо дар марзҳои ин кишвар бо Афғонистон имконпазир нест. Ба яқин метавон гуфт, ки бидуни табодули назарҳо ва ҳамкориҳои Эрон ва Русия барқарории сулҳ дар Тоҷикистон муяссар намешуд ва раиси ҷумҳур ва дигар мақомот ва фарҳехтагон ва мардуми Тоҷикистон низ дар фурсатҳо ва муносибатҳои мутааддид ба ин амр ишора ва аз талошҳои ҳар ду кишвар қадрдонӣ намудаанд. Ҳамкориҳои Эрон ва Русия бо гуфтугӯҳои сулҳи Тоҷикистон оғоз ва рӯз ба рӯз тавсиа ёфт ва имрӯз шоҳиди густардагии равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ҳастем.

Сиёсати хориҷии Эрон дар Тоҷикистон яке аз намунаҳои муваффақ баъд аз инқилоб буд. Ба таври куллӣ бояд гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар фурсате, ки ба даст оварда дар ҷиҳати истиқрори сулҳ ва амният дар кишварҳои минтақа истифода кардааст.

Бо  вуҷуди идомаи таблиғоти манфӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сафир, амалкарди содиқона ва созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хотима додан ба ҷанги бародаркуш чунон буд, ки сафири Эрон маврид эътимоди ҳар ду тарафи музокиракунанда шуда ва нақши муҳимме дар наздикии назароти тарафҳо ифо намуд. " ....бо вуҷуди баъзан тира шудани равобити ду кишвар, ӯ (Шабистарӣ) бо ҳушёрӣ ва дироят тавтиаҳои душманонро хунсо кард ва боби дурахшон дар аввали китоби дӯстиву бародарии эрониён ва тоҷикон боз намуд. Маърифати воло ва фазилати баланди инсонии сафир имкон дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барқарори оштии миллии тоҷикон нақши боризе дошта бошад."

 

Барчасп