Панҷ медали осиёӣ барои занони қаиқрони эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22719-Панҷ_медали_осиёӣ_барои_занони_қаиқрони_эронӣ
Намояндагони тими қаиқронии Эрон дар рӯзи нахусти Рақобатҳои финали мусобиқоти “Rowing”, қаиқронии қаҳрамонии Осиё, се медали тилло, як нуқра ва як медали бурунз касб карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 07, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Панҷ медали осиёӣ барои занони қаиқрони эронӣ

Намояндагони тими қаиқронии Эрон дар рӯзи нахусти Рақобатҳои финали мусобиқоти “Rowing”, қаиқронии қаҳрамонии Осиё, се медали тилло, як нуқра ва як медали бурунз касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, тими занони қаиқрони Эрон, рӯзи панҷшанбе дар мусобиқоти қаиқронии қаҳрамони Осиё, ки аз чаҳоруми сентябр дар Таиланд дар ҳоли баргузорӣ аст, дар қаиқронии дунафараи сабуквазн, дар қаиқронии дунафараи сангинвазн ва дар дар қаиқронии такнафараи сабуквазн муваффақ ба касби медали тилло шуданд.

Намояндагони тими Эрон дар қаиқронии дунафара ва такнафараи сангинвазн низ соҳиби як медали нуқра ва бурунз шуданд.

“Rowing”- навъе варзиши қаиқронӣ аст, ки варзишкорон рӯйи як қаиқ бо истифода аз порӯ дар рӯдхона, дарёча ё дарё ба рақобат бо якдигар мепардозанд.