Амоно: Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст
(last modified Mon, 18 Sep 2017 11:25:15 GMT )
Сентябр 18, 2017 16:25 Asia/Dushanbe
  • Амоно: Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар Маҷмаи умумии солонаи ин созмон дар Вена гуфт, Эрон ба тавофуқ ҳастаӣ пойбанд аст ва таҳти шадидтарин барномаи бозрасӣ қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Юкиё Амоно таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Барҷом пойбанд будааст ва мо ба фаъолиятҳои худ низ бар асоси Барҷом дар Эрон идома медиҳем.

Шастуякумин конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо ширкати намояндагони 168 кишвари узви ожонс имрӯз дар мақарри ожонс оғоз ба кор кард.

 Дар ин конфронс, ки ба муддати панҷ рӯз дар мақарри Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена идома дорад, ширкаткунандагон дар бораи мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла афзоиши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи эминии ҳастаӣ, тақвияти фаъолиятҳои ожонс муртабит бо улум, фанноварӣ ва корбурдҳои ҳастаӣ ва ҳамчунин барномаи ҳамкории фаннии ожонс баҳсу гуфтугӯ хоҳанд кард.