Зодрӯзи Шаҳриёр - Рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Эрон + видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23227-Зодрӯзи_Шаҳриёр_Рӯзи_шеъру_адаби_форсӣ_дар_Эрон_видео
Имрӯз – душанбе, 18 –уми сентябр, баробар бо 27-уми шаҳривармоҳ Рӯзи шеъру адаби форсӣ ва Рӯзи бузургдошти устод Шаҳриёр аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 18, 2017 18:07 Asia/Dushanbe

Имрӯз – душанбе, 18 –уми сентябр, баробар бо 27-уми шаҳривармоҳ Рӯзи шеъру адаби форсӣ ва Рӯзи бузургдошти устод Шаҳриёр аст.

Ин рӯз бо Солгарди даргузашти устод Шаҳриёр, шоири номдори эронӣ дар тақвими расмӣ ба сабт расидааст ва ҳар сол ба ҳамин муносибат ёди бузургони шеъру адаби порсӣ гиромӣ дошта мешавад.

 Сайид Муҳаммадҳусайн Беҳҷати Табрезӣ, мутахаллис ба Шаҳриёр соли 1285-и ҳиҷри шамсӣ ба дунё омад. Ӯ аҳли Табрез буд ва ба забонҳои туркии озарбойҷонӣ ва форсӣ шеър сурудааст.

Шаҳриёр дар сурудани анвои гунаҳои шеъри форсӣ монанди қасида, маснавӣ, ғазал, қитъа, рубоӣ ва шеъри “нимоӣ” низ табаҳҳур доштааст, аммо бештар аз дигар гунаҳо дар ғазалсароӣ шӯҳрат дошт.

 Ғазале аз устод Шаҳриёрро бо садои худи ӯ мешунавед: