Сафири Русия дар Теҳрон: Маскав ба тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Эрон таъкид дорад
(last modified 2017-09-19T10:50:04+00:00 )
Сентябр 19, 2017 15:50 Asia/Dushanbe
  • Сафири Русия дар Теҳрон: Маскав ба тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Эрон таъкид дорад

Сафири Русия дар Эрон гуфт, Маскав ба тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Теҳрон мусаммам аст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Леван Ҷагариан рӯзи сешанбе дар маросими имзои тафоҳумномаи Созмони густариш ва навсозии саноати Эрон (IDRO) ва Шӯрои тавсеаи иқтисодии Русия (RTEDC) гуфт, шароити судури раводид барои тоҷирони эронӣ осонтар шудааст ва сафорати Русия дар Эрон низ барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ҳама талоши худро ба кор хоҳад гирифт. Елена Гулина, муовини раиси Шӯрои тавсеаи тиҷорати хориҷии Русия ҳам дар ин маросим афзоиши рафтуомади ҳайатҳои иқтисодии Эрону Русияро нишонаи азми ду кишвар дар тавсеаи муносибот арзёбӣ карда гуфт, Созмони густариш ва навсозии саноати Эрон метавонад барои ҳузуру фаъолияти ширкатҳои русӣ дар Эрон кумаки зиёде кунад.

Мансур Муаззамӣ, мудири кулли Созмони густариш ва навсозии саноати Эрон низ бо ишора ба заминаҳои ҳамкории густурдаи Эрону Русия гуфт, шароити мавҷуд фурсатеро барои ширкатҳои ду кишвар фароҳам овардааст, то бо тавофуқи дуҷониба равобити иқтисодиро тавсеа диҳанд ва дар ин бора сақфе вуҷуд надорад.

Созмони густариш ва навсозии саноати Эрон ва Шӯрои тавсеаи иқтисодии Русия рӯзи сешанбе тафоҳумномаи ҳамкории дуҷониба имзо карданд. Ин тафоҳумнома ҳавзаҳои мухталифе чун нафту газ, энержиҳои нав, мошин ва қисмҳои эҳтиётӣ, ҳатто тавлиди чархболҳои ғайринизомиро фаро мегирад.

 

Барчасп