Рӯҳонӣ: Арабистон таҷовуз ба Яманро мутаваққиф кунад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, иқдомоти Арабистон ва ҳомёнаш дар Яман аз ҷумла бомбаборони кӯри мардуми ин кишварро нодуруст ва бархилофи ҳамаи усул ва муқаррароти байналмилалӣ ва инсонӣ донист ва гуфт, куштори мардуми бегуноҳи Яман ҳеҷ асосе надорад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи сешанбе дар дидори шуморе аз мудирон ва хабарнигорони аршади расонаҳои Амрико, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақид аст, таҷовуз ба Яман бояд мутаваққиф, кӯмакҳои инсондӯстона ба ин кишвар сарозер ва шароит барои музокироти яманӣ - яманӣ муҳайё шавад, то мардуми Яман барои ояндаи худашон тасмим бигиранд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, кишвараш ҳамвора ба думболи он аст, ки ба давлатҳои минтақа барои ҳаллу фасли муъзалот дар замоне, ки худашон мустақим аз Эрон дархости кунанд кӯмак кунад ва ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ироқ ва Сурия дар мубориза бо терроризм бар ҳамин мабност.
Рӯҳонӣ дархусуси баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ низ гуфт, баргузории ин ҳамапурсии амният ва сулҳ дар Ироқ ва кулли минтақаро ба хатар меандозад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки набояд марзҳои ҷуғрофиёӣ дар минтақа тағйир кунад афзуд, ин ҳаракат, оғозгари даминое аз таниш хоҳад буд, ки поёни он маълум нест.