Сентябр 27, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳӣ кардани пайкари шаҳиди сарбурида ба дасти ДИИШ дар Теҳрон

Пайкари поки шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ, аз мудофеони ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар Сурия субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳрон бо ҳузури бошукӯҳи қишрҳои мухталифи мардум ҳамроҳӣ карда шуд.

Шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ нуҳуми августи имсол дар Сурия ба дасти гурӯҳаки такфирӣ - террористи ДИИШ асир шуд.

Ин гурӯҳи ҷинояткор пас аз асир кардани ин ҷавони 25 - солаи эронӣ, вайро бо буридани сараш ба шаҳодат расонд ва пайкари поки ӯро пас аз шаҳодат чок ва сару гӯшу биниашро бурид ва акнун пас аз ҳудуди ду моҳ пайкари бесари ин сарбози муҷоҳид ба ватанаш бозгашта аст.

Ба гузориши ИРНА, пайкари мутаҳҳари ин шаҳиди муҷоҳид субҳи имрӯз дар Теҳрон бар дӯши ҳазорон нафар аз мардуми пойтахти Эрон ва бо ҳузури масъулон ва мақомоти олирутбаи кишварӣ ва лашкарии Эрон ҳамроҳӣ карда шуд.  

Қарор аст пайкари шаҳид Ҳуҷаҷӣ барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш шаҳри Наҷафободи устони Исфаҳон, дар маркази Эрон интиқол дода шавад.

 Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ саҳаргоҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар канори пайкари мутаҳҳари шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ ҳузур ёфтанд ва зимни қироати фотиҳа, барои ин мудофеи ҳарами аҳли байт алайҳимуссалом орзӯи дараҷоти боло карданд.

Интишори чеҳраи ором ва шуҷои шаҳид Ҳуҷаҷӣ дар лаҳазоти асорат дар шабакаҳои маҷозӣ бо вокунишҳои густурдае рӯбарӯ шуд.

 

Барчасп