Сентябр 30, 2017 22:39 Asia/Dushanbe
  • Фарорасидани Ошурои Ҳусайнӣ таслият бод

Якшанбе 9 меҳри 1396 ҳиҷрии шамсӣ ва якуми октябри 2017 милодӣ, даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ ва рӯзи Ошурои Ҳусайнӣ аст.

Ошуро рӯзи шаҳодати солори шаҳидон ҳазрати Имом Ҳусайн (а), набераи гиромии ҳазрати Муҳаммад(с) аст.

Эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ бо шуморе аз ёрони бовафояшон шаҳид шуданд.

Ҳазрати Имом Ҳусайн (а) дар роҳи Макка ба Карбало ба сароҳат таъкид карданд, мақсудашон аз ин ҳаракат, расво кардани ҳукумати зидди исломии Язид, барпо доштани амр ба маъруф ва ниҳӣ аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарӣ аст.

Эшон фармуданд,"Ҷуз ҳимоят аз Қуръон ва зинда нигаҳдоштани дини Ислом ҳадафе надорам."

Мардуми муъмини Эрон ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар айёми моҳи муҳаррам, бавижа дар шабу рӯзи Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ бо ҳузур дар ҳусайнияҳо ва масоҷид азодорӣ мекунанд.

Сойт ва радио тоҷикии "Садои Хросон" фарорасидани молрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳон таслият мегӯяд.