Раҳбари инқилоб: Ҳаҷ беҳтарин фурсат барои хунсо кардани таблиғоти душманон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23999-Раҳбари_инқилоб_Ҳаҷ_беҳтарин_фурсат_барои_хунсо_кардани_таблиғоти_душманон_аст
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди як ҷабҳаи байналмилалӣ ва азими таблиғотӣ дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карданд, фурсати ҳаҷ беҳтарин минбари таблиғ барои иртибот гирифтан бо мардуми ҷаҳон ва хунсо кардани таблиғоти тарафи муқобил аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2017 17:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҳаҷ беҳтарин фурсат барои хунсо кардани таблиғоти душманон аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди як ҷабҳаи байналмилалӣ ва азими таблиғотӣ дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карданд, фурсати ҳаҷ беҳтарин минбари таблиғ барои иртибот гирифтан бо мардуми ҷаҳон ва хунсо кардани таблиғоти тарафи муқобил аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз дар дидор бо сарпарасти ҳоҷиҳои эронӣ ва масъулони ҳаҷи имсол ба вуҷуди як ҷабҳаи бисёр хатарноку фаъол ва муҷаҳҳаз ба анвои васоилу имконоти таблиғотӣ дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора карда гуфтанд, низоми исломӣ зарфияту тавони фаровоне барои истодагӣ ва таҳоҷум алайҳи ин ҷабҳа дорад ва роҳи муқобила бо ин ҷабҳаи хатарноки рӯшангарӣ ва бархӯрди таблиғоти фаъолу таҳоҷумӣ аст ва ҳаҷ яке аз марокизи аслию асосӣ барои ин иқдом аст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳифзи амният, иззату эҳтироми ҳоҷиҳоро аз ҷумлаи дилнигарониҳои муҳими худ хонда афзуданд, бар асоси гузориши масъулон, ҳоҷиҳои эронӣ имсол аз ҳифзи эҳтирому иззати худ дар бештари маворид розӣ будаанд, агарчи бархе мавориди тахаллуф низ гузориш шудааст, ки бояд пайгирӣ шавад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таътил ё маҳдуд кардани зарфиятҳои иртиботии эрониён бо мардум дар ҳаҷ, чун барпоии маросими дуо маросими бароат аз мушрикон, иҷтимоот ва ҳамоишҳои таблиғиро найранги давлати Саудӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ хонда тасреҳ карданд, имрӯз дар дунёи Ислом теъдоди бешуморе аз нухбагони моил ба шунидани ҳақиқат аз забони ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, бинобар ин бояд масоили муҳиме чун истикборситезӣ, ифшои моҳияти Ғарб, бароат аз душманони Ислом ва мазмуни баланди дуоҳо бо адабиёти нофиз, лаҳни хуб ва истидлоли амиқ аз тариқи абзорҳои навини таблиғотӣ ба мухотибон мунтақил шавад. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: “Дар замони баргузории ҳаҷ масъулони Саудӣ бо вақоҳату беҳаёии тамом дар телевизион зоҳир шуда, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳарф заданд ва табиӣ аст, ки ин ҳарфҳо дар мардуми оддии соири кишварҳо ибҳомофрин аст, аммо бояд бо иртибот бо мардум ин ибҳомотро рафъ кунед ва ҳисори тарафи муқобилро бишканед”.