Октябр 03, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷии Эрон бо мақомҳои Қатар дар Доҳа

Дар дидорҳои рӯзи сешанбеи вазири умури хориҷии Эрон бо мақомҳои аршади Қатар ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар дидор бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар Доҳа ба шароити ҳассоси минтақа ва осори зиёнбори бархӯрду низоъҳои хушунатбор ишора карда гуфт, Эрон эътиқод дорад, ҳама тарафҳо бояд ба гуфтугӯ ва роҳҳалҳои мусолиматомез пойбанд бошанд. Зариф сиёсати усулии Эронро, ки доштани беҳтарин равобит бо ҳама ҳамсоягон аст, ёдовар шуда ибрози умедворӣ кард, равобити Теҳрону Доҳа дар ҳама заминаҳо беш аз пеш густариш меёбад ва мақомоти расмии Эрону Қатар имконоти лозимро барои иртиботи бештари мардум ва бахши хусусии ду кишвар фароҳам мекунанд. Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар низ дар ин дидор аз дидгоҳи Эрон дар қиболи масоили минтақаӣ истиқбол карда гуфт, машварату ройзании доим бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон зарурати парҳезнопазир аст. Амири Қатар ҳамчунин аз раванди рӯ ба тавсеаи равобити Қатару Эрон ибрози хушнудӣ кард.

Вазири умури хориҷии Эрон имрӯз бо Шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ, ҳамтои қатарии худ низ дар Доҳа дидор кард. Ду тараф дар ин дидор ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба ва боло бурдани сатҳи муносиботи сиёсии Эрону Қатар таъкид карданд. Зариф пас аз ин дидор дар зиёфати наҳори вазири умури хориҷии Қатар, ки ба ифтихори ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш тартиб дода буд, ширкат кард. Вазири умури хориҷии Эрон дирӯз, душанбе, низ дар Масқат бо Султон Қобус, подшоҳ ва Юсуф ибни Алавӣ, вазири умури хориҷии Умон дидору гуфтгӯ кард.

 

Барчасп