Октябр 06, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф бар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Ироқ

Вазири умури хориҷии Эрон бори дигар бар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Ироқ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар ҳошияи маросими ташйии пайкари Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури пешини Ироқ дар Сулаймонияи Ироқ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дӯсти ҳамешагии мардуми Ироқ, аз ҷумла курдҳои ин кишвар аст ва иштибоҳоти роҳбурдии бархе афродро ба ҳисоби мардуми курди Ироқ намегузорад. Зариф ибрози умедворӣ кард, ҳама дар минтақаи Курдистони Ироқ ба роҳи Мом Ҷалол, ки намоди ваҳдату тамомияти арзии Ироқ буд, бозгарданд. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, Ҷалол Толибонӣ дӯсти Эрон ва муборизи хастагинопазир алайҳи диктатураи Саддом буда, ҳамвора дар масири ваҳдату тамомияти арзии Ироқ гом бардошт.

Вазири умури хориҷии Эрон имрӯз, ҷумъа дар оини ташйии пайкари Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури пешини Ироқ дар шаҳри Сулаймония ширкат кард.

Ҷалол Толибонӣ пас аз солҳо беморӣ рӯзи сешанбе (3 октябр) дар синни 84-солагӣ дар Олмон даргузашт. Ҷалол Толибонӣ, мулаққаб ба Мом Ҷалол соли 1933 дар наздикии шаҳри Арбили Ироқ ба дунё омад. Ӯ нахустин раисҷумҳури ғайриараби Ироқ буд, ки дар соли 2005, ду сол пас аз сарнагунии режими баъс ба ин симмат интихоб шуд.

 

Барчасп