Октябр 07, 2017 15:25 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон аз ҳеҷ ҳамкорӣ дар густариши забони форсӣ дареғ нахоҳад кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар паёме ба савумин Ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлоно таъкид кард, Эрон аз тариқи Фарҳангистони улум, донишгоҳҳо ва марокизи илмӣ аз ҳеҷ ҳамкорӣ ва мусоидате дар густариши забони фохири форсӣ дареғ нахоҳад кард.

Дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст: “Ироаи мақола ва суханронии устодон, пажӯҳишгарон ва ҷавонони фарҳехта дар Ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлоно, сароғози таҳаввуле бунёдин ва ҷомеъ дар ҳавзаҳои ирфонӣ, фалсафӣ, каломӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва эътиқодӣ хоҳад буд”.

Рӯҳонӣ аз талош ва ҳамкории мардуми Туркия, Русия, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Арманистон дар густариши забони фохири форсӣ ва бузургдошти чеҳраҳое ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хоқонӣ ва Низомӣ қадрдонӣ кард.

Савумин Ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлоно имрӯз - шанбе дар шаҳри Хуй (шимоли ғарби Эрон) оғоз ба кор кард ва то фардо (якшанбе) идома хоҳад дошт.

Шамсиддини Табрезӣ бино бар ишораҳои таърихӣ ба эҳтимоли зиёд дар соли 582-и ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омадааст.

Шамси Табрезӣ рӯҳия ва нигариши андешаманди нобиғае мисли Мавлоноро мутаҳаввил кард ва аз ин шоир як орифи ошиқ сохт.

Таърихи вафоти Шамси Табрезӣ ба иллати камбуди асноди таърихии марбут ба он давра ба равшанӣ маълум нест, аммо шамспажӯҳон онро байни солҳои 645 ва 672 –и ҳиҷрии қамарӣ зикр кардаанд.

 

Барчасп