Август 16, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ҳамалоти Арабистон ба мадорис ва бемористонҳо дар Яман

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, сукути маҷомеи байналмилалӣ дар баробари ҷиноёти Оли Сауд дар Яман Арабистонро густохтар кардааст.

Ба иттилои идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи ин вазоратхона душанбе шаб ҳамлаи ҷангандаҳои мутаҷовизи режими Оли Саудро ба бемористоне дар устони Ҳаҷҷа дар шимоли ғарби Яман, ҷинояте ошкор ва ғайри қобили тасаввур зидди башарият хонд ва афзуд: Дар ҳоле, ки мавозини байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона ва фаротар аз он, виҷдони башарӣ ҳамагонро дар ҷангҳо ва мунозиот ба ҳифозат аз ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ фаро мехонад, низоми террористпарвар ва ҷангафрузи Саудӣ ҳеч ҳадду марзе намешиносад ва кӯдакон, занон ва беморони мазлум ва ғайринизомиёни бедифоъро ба хоку хун мекашад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард: Иқдоми намояндагони мардуми Яман барои аз саргирии фаъолияти парлумон ва сохторҳои демократик ва қонунӣ муҷиби асабонияти шадиди Арабистон шуда ва ба ҳамин сабаб режими кӯдаккуши ҳоким бар Арабистон бо ҳамалоти густарда ба бемористонҳо ва мадорис, аз мардуми Яман интиқом мегирад.

Рӯзи душанбе дар ҳамлаи ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ ба бемористоне дар устони Ҳаҷҷа дар шимоли ғарби Яман, 6 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

‎ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ рӯзи якшанбе низ як мадрасаи ҳифзи Қуръони каримро дар минтақаи Ҷумъа ибни Фозил дар шаҳри Ҳайрони устони Саъда дар шимоли Яман ҳадаф қарор доданд, ки ба кушта шудани 13 кӯдак ва захмӣ шудани 18 нафар мунҷар шуд.

 

Барчасп