Октябр 14, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Посухи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мавозеи зиддиэронии Трамп

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳороти раиси ҷумҳурии Амрикоро фаҳҳошӣ ва муште аз иттиҳомоти беасос алайҳи миллати бузурги Эрон донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар як нутқи зиндаи телевизионӣ дар посух ба мавозеи зиддиэронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, бо мурури таърихи дахолатҳои Амрико дар умури Эрон гуфт, миллати Эрон миллате нест, ки бо ҳарфҳои нораво ва суханони танаффурангез бихоҳад дар баробари як диктатор сар фуруд биоварад ва миллати бузурги Эрон то кунун дар баробари ҳеҷ қудрате сари таслим фуруд наёварда ва нахоҳад овард.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, суханони Трамп нишон дод, ки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) мустаҳкамтар аз он чизе аст, ки вай дар даврони рақобати интихоботӣ фикр мекард ва Амрико имрӯз танҳотар аз ҳамеша дар баробари Барҷом ва тавтеаҳояш алайҳи миллати Эрон аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон хотирнишон кард, Трамп дар суханронии худ собит кард, ки Амрикои имрӯз бо чӣ шикофи азиме аз воқеиятҳои таърихӣ, сохторҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ ва ҳатто ҳампаймонони аврупоии худ рӯбарӯ шудааст.

 Рӯҳонӣ бо таъкид бар истодагии сипоҳ дар канори миллатҳои минтақа ва дар баробари терроризм гуфт: “Эрон бо сароҳат дар баробари терроризм дар минтақа истодааст. Ҳамон террористҳое, ки Трамп дар муборизоти интихоботии соли гузаштааш эълом кард, Амрико ба вуҷудоварандаи он (террористҳои ДИИШ) будааст”.

Пас аз ҳафтаҳо ҷанҷоли расонаӣ, Кохи Сафед рӯзи ҷумъа гузориши роҳбурди ба истилоҳ ҷомеъ ва ҷадиди раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи Эрон ва Барҷом мунташир кард ва соате баъд Доналд Трамп бо муттаҳам кардани муҷаддади Эрон ба нақзи рӯҳи Барҷом ва суханбозиҳои асабии худ алайҳи Эрон гуфт, Барҷом бадтарин тавофуқи таърихи Амрико аст ва ҳар замон лозим бидонад ба ин тавофуқ поён хоҳад дод.

 

Барчасп