Октябр 16, 2017 11:27 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии пурголи тими миллии футзали Эрон муқобили Афғонистон

Тими миллии футзали Ҷумҳурии исломии Эрон муқобили Афғонистон ба як пирӯзии пургол расид.

Ба гузориши ИРНА, тими миллии футзали Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар нахустин бозии гурӯҳи дувуми марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2018 дар Табрез, дар шимоли ғарби Эрон ба масофи тими миллии Афғонистон рафт ва ба пирӯзии 8 бар 2 расид.

Дидори баъдии тими миллии футзали Эрон рӯзи сешанбе муқобили Тоҷикистон хоҳад буд.

Тимҳои миллии футзали Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар гурӯҳи дувуми марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2018 дар минтақаи ҷанубу марказ қарор доранд, ки ду тими аввали гурӯҳ муҷаввизи гузаштан ба марҳалаи поёнии Ҷоми миллатҳои Осиёро касб мекунанд.

 

Барчасп